Ҳадаф аз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самти илму фарҳанг буд, ки имрӯз (04.02.2022) дар бинои марказии Донишгоҳи миллӣ сурат гирифт. Ректори донишгоҳ меҳмони олиқадрро бо вазъи илму таълим дар донишгоҳ ва неруи илмии он муфассал ошно намуда, афзуд, ки донишгоҳ бо чандин муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад ва ин ҳамкориҳо рӯз то рӯз зиёд шуда истодаанд.
Сафир дар навбати худ роҷеъ ба муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳирии Озарбойҷон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар робита ба ҳамкориҳои дӯстонаи ду кишвар ҳамоишҳои илмӣ-фарҳангӣ ва чорабиниҳои ҷашнӣ ташкил карда шуда, рушди муносибатҳои илмию таълимӣ такмил дода шавад.
Зимнан меҳмонони олиқадр аз Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуда, таъсуроти хешро аз донишгоҳ дар дафтари хотироти осорхона чунин навиштааст. Мулоқот бо роҳбарияти донишгоҳ хеле хотирмон буд ва боздид аз Осорхона таъсуроти зиёдро гирифтам.
Ёдовар мешавем, ки зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.