САТҲИ НАВИ ҲАМКОРИҲОИ ЧИНУ ТОҶИКИСТОН

319

Бо чунин унвон имрӯз дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикисон Сзи Шумин бо донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Қаблан, ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ташрифи сафири муҳтарамро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, дар робита ба ҳамкориҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин суханронӣ намуд, ҳамзамон, вохӯрии мазкурро дар самти таҳкими ҳамкориҳои илмию таълимии ду кишвар судманд арзёбӣ намуд.

Дар идомаи суханронӣ оид ба ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва мустаҳкам намудани муносибатҳо дар соҳаҳои илму техника дар пояи Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллӣ низ мулоҳизаҳо сурат гирифт.

Сипас сафири фавқулода ва мухтори ҶМЧ дар Ҷумҳурии Тоҷикисон Сзи Шумин бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар самти равобити дуҷонибаи ҶМЧ бо дигар кишварҳо, хусусан, дар самти муносибатҳои байналҳалқии ҶМЧ ва ҶТ, маърузаи пурмуҳтаво намуд. Таъкид шуд, ки дар партави сиёсати сулҳҷӯёнаи роҳбарони олии кишварҳо ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо дида мешавад ва дастовардҳои назаррас дар ҳоли рушд қарор доранд. Самти илму таълим ва иқтисоду истеҳсолот аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки кишварҳои ҳамкор мебошад.