СЕМИНАРИ ИЛМӢ: СУХАН АЗ ПАРЧАМ

798

Дар кафедраи умумидонишгоӽии фалсафа бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ маӽфили илмӣ-фалсафии донишҷӯён «Дар ҷӯстуҷӯи ӽақиқат» (роӽбари маӽфил дотсент Сайлинисо Сафарова) ва семинари илмӣ-назариявӣ (роӽбари семинар дотсент Ф.А. Аминов) баргузор гардид. Дар маӽфил таъкид гардид, ки гиромидошти рукнӽои муқаддаси миллӣ дар низоми тарбияи ватандӯстии ҷавонон нақши сазовор дошта, муӽаббат ба Ватан, ӽифз намудани арзишӽои миллӣ самти меӽварии тарбия ва таълими насли наврас аст. Парчами давлатӣ нишонаи соӽибистиқлолиятии Тоҷикистон буда, дар паӽнои матои он рамзи озодию истиқлолият, ободию осӯдагии мардуми тоҷик, муборизаи қаӽрамононаи наслӽои гузаштаи миллатамон ба хотири пойдор нигоӽ доштани ӽувияти миллӣ, устувории анъанаю арзишӽои накӯфарҷом нақш бастааст. Парчами давлатӣ манобеи маънавии азиз донистани Тоҷикистон, рамзи нерӯбахшандаи қобилияти ватандорӣ ва ливои ӽидоятсозандаи пешравиӽои мамлакатамон ба ӽисоб меравад. Фарзанди накуноми тоҷик дар сафарӽояш ба гӯшаӽои мухталифи сайёра Парчами давлатии Тоҷикистонро бо худ бурдаанд.

Ӽамзамон, дар доираи маӽфили муштараки донишҷӯёну устодон семинари илмӣ-назариявӣ бо иштироки директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ӽуқуқи АМИТ Муъмин Назар Абдуҷалол доир шуд. Мавзӯи семинар «Синергетика ӽамчун илм дар низоми донишӽои фалсафӣ» буда, роӽбари семинар дотсент Аминов Ф.А. аӽамияти ин самти таӽқиқотиро тавзеӽ доданд. Муъмин Назар Абдуҷалол мушаххас оид ба раванди таӽия ва такомули илми синергетикаро шарӽ доданд. Омӯхтани синергетика имкон медиӽад, ки назарияӽои илмӣ оид ба паӽлуӽои мухталифи сохторӽои мураккаб, низом, хаос аз мадди назар дур намонда, таҷрибаи таърихии мутафаккирони гузашта, доир ба таӽлили динамикаи ғайриростхата, траекторияи ғайриустувори хаоси динамикӣ, эволютсияи куллӣ ва коэволютсияи инсон ва табиат, биоритми мавҷудоти зинда ва ғайра ба доираи тахлили илмӣ фаро гирифта шаванд. Дар баромади устод Муъмин Назар Абдуҷалол таъкид гардид, ки синергетика материяро ӽамчун системаи қобил ба худинкишофётан, пайдо шудану мукаммал гаштан ва аз навтавлид шуданро бе иштироки қувваӽои беруна ба эътибор мегирад.

Мафхумӽои асосии синергетика аттрактор, бифуркатсия, флуктатсия, фрактал, гомеостаз, иерархия, аутопоэзис, хусусан низоми диссипативӣ ба шумор меравад. Флуктатсия шакли куллии тағйиротӽои дохилӣ аст, ки дар заминаи он худташаккулёбӣ, ғалаён, калавиш ва ҷойивазкунии тасодуфии ӽолатхои материя сурат мегирад. Таӽти мафӽуми аттрактор дар назар дошта мешавад, ки аз нуқтаи гайримувозинатӣ система ба яке аз имкониятӽои эволютсияи худ афтида, худташаккулёбӣ ба амал омада, сохтори устувор ва тартиботи қаблан набудае ба вуҷуд меояд, ки тамоми система ба он майл мекунад. Дар семинар таваҷҷуӽи устодон ба назарияӽои асосии синергетика, моӽият ва мундариҷаи илмию назариявии онӽо ҷалб гардид. Назарияи садамаӽо-ӽолати тағйири сифати ногаӽонӣ, назарияи фракталӽо – такрор ёфтани ӽар як ҷузъи модел дар алоқамандӣ ба шакли куллии модел ва ғ. шарӽ дода шуд, Яке аз мафӽумӽои меӽварии синергетика «сохторӽои диссипативӣ» мебошад, ки дар семинар ба ин мафӽум ва ба ин низоми кушода таваҷҷуӽи хосса дода шуд. Воқеан, дар низоми синергетика ин сохтор чунин тасвир мешавад: дар натиҷаи тағироту робитаӽои худ ба худ (спонтанӣ) робитаи байни унсурӽои материя тағйир ёфта, робитаӽои нав пайдо шуда, материя ӽолати навро соӽиб мешавад. Ин сохтор ду вариант дорад: аввалан ин сохтор таӽким гардида танӽо дар холати энтропия (ворид шудани энергия аз берун) ба намуди нави материя табдил меёбад ва тарзи динамикӣ инкишоф меёбад. Дуюм дар натиҷаи заифии дохилӣ, ғайритабиию ноустувории робитаӽои нав ё мавҷуд набудани энтропия ин сохтор фано (распад) мешавад. Ин мафӽумро Иля Пригожин ба синергетика дохил намуда, теоремаи Лиувилл, «ячейкаи Бенар», «реаксияи Белоусов-Жаботинский» ва ғ. ба сохтори диссипативӣ алоқаманди зич доранд. Бояд зикр намуд, ки то ӽол асарӽои зиёди назариявӣ, таҷрибавӣ, илмӣ-оммавӣ доир ба фанни «Синергетика» ба нашр расидаанд, ки оғози онро соли 1973 профессори Институти физикаи назариявии Штутгарт Герман Хакен гузошт. Дар доираи «Синергетика» ва методологияи синергетика мавзӯӽои илмӽои гуногун, аз физикаи ҷисмӽои сахт, техникаи лазерӣ, биофизика ва ғ. оғоз карда, то мушкилотӽои интеллекти сунъӣ ӽаллу фасл мешаванд. Дар семинар дастовардӽои фалсафии синергетика таъкид гардида, иштирокчиёни семинар синергетика ва манзараи нави оламро чун мавзӯи меӽварӣ масъалагузорӣ намудаанд. Зикр гардид, ки аз принсипӽои дар синергетика пайдошуда хулосаӽои хуби фалсафӣ баровардан мумкин аст. Махсусан, дар ӽолати аз нав шарӽ додани робитаи кулли зуӽурот, иттилоот ӽамчун ибтидои кулии ташкилию сохтории пайваст ба раванди ӽаракати материя, ба натиҷахои бузург овардани таъсирӽои хурду ҷузъӣ дар ӽолати номувозинатию нобаробарвазнӣ ва ғ. Хулосаи беӽтарини семинар ин аст: синергетика ӽамчун ҷузъи таркибии фалсафаи иҷтимоӣ баӽогузорӣ шуда, доираи мавзӯӽои синергетикаи иҷтимоӣ номбар гардид. Иштирокчиёни семинар диққати махсусро ба мавзӯи «Синергетика ва мистика», «Дурнамои синергетика ӽамчун илм» бахшидаанд, ки воқеан ҳам наметавон аз доираи фанни «Муқаддимаи синергетика» онӽоро берун сохт. Умуман, семинари илмӣ-назариявӣ дар доираи як барномаи ҷолиб, саривақтӣ ва комилан пурмуӽтаво баргузор гардид. Муъмин Назар Абдуҷалол иттилоъ доданд, ки китоби таълимии ба наздикӣ нашршудаи «Муқаддимаи синергетика» воситаи беӽтарини омӯхтани синергетика буда, туӽфаи хубест барои алоқамандони фалсафа, хусусан самти навини тахкиқотии он – синергетика.

 Файз Алӣ,

Исфандиёри Наврӯз