ШӮРО: АЗ МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲО ТО ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОН

609

Имрӯз (02.12.2021) дар оғози ҷаласаи васеи Шӯрои олимони ДМТ дастовардҳои раёсати донишгоҳ ва комёбиҳои илмии чанде аз устодону кормандони донишгоҳ (супоридани дипломҳои номзадию докторӣ) муаррифӣ шуданд. Ҳамзамон, дастаи ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва роҳбарони онҳо бо Ифтихорномаи донишгоҳ ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар идомаи ҷаласа дастаи варзишгарони донишгоҳ, ки дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида буданд, муаррифӣ ва ҳавасманд гардонида шуданд. Зимнан ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро барои иштироки фаъол дар чорабиниҳои илмию маърифатӣ ва дастовардҳои тозаи илмияшон самимона табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо таманно намуд.