ШӮРО: ДАСТГИРИИ ДОНИШҶӮЁНИ ВАРЗИШГАР

649

Имрӯз (28.12.2021) дар оғози ҷаласаи васеи Шӯрои олимони ДМТ дастовардҳои зумрае аз донишҷӯёни донишгоҳ муаррифӣ ва қадрдонӣ шуд. Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. донишҷӯёне, ки дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ғолиб омаданд, табрик намуда, ба садорати факултетҳо дастур доданд, ки донишҷӯёни ғолиб дар давраи супоридани санҷишу имтиҳонҳо ҳамаҷониба дастгирӣ шаванд.

Холова Зуҳро – донишҷӯйи факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯйи намуди варзиши «Таэкван-до ва кикбоксинг»;

Анвар Тураев – донишҷӯйи факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод, ҷойи аввал ва медали тилло;

Фаррух Муминов – донишҷӯйи факултети биология, ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ, ҷойи аввал ва медали тилло;

 Авзалзода Аҳмад – донишҷӯйи факултети химия ва Марями Илҳомӣ – донишҷӯйи факултети журналистика ғолибони мусобиқаи шоҳмот, шаҳри Душанбе;

Маҷидзода Асламшоҳ – донишҷӯйи факултети геология, иштирокчии фаъоли мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯйи намуди варзиши валейбол;

Маҳмадализода Комрон – донишҷӯйи факултети ҳуқуқшиносӣ, ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод;

Ёқубҷон Азизов – хонандаи литсейи донишгоҳ, ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот миёни хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе. Инҳо аз ҷумлаи донишҷӯён буданд, ки тайи моҳҳои охир дар мусобиқаҳои гуногунсатҳ иштирок намуда, ғолиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

Ғолибият муборак!