Шӯрои диссертатсионии нав

1703

Тибқи фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Розиқзода аз 03.03.2020, № 62 дар назди Донишгоҳи миллӣ Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисоси 6D030100 – Ҳуқуқшиносӣ ва 6D030300 –Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шуд. Ба шӯрои мазкур баррасӣ ва ҳимояи диссертатсияҳо ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯйи ихтисосҳои 12.00.08 – Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноӣ; 12.00.09 – Мурофиаи ҷиноӣ ва 12.00.12 – Криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ иҷозат дода шудааст. Дар шӯро Тақдиршоҳ Шарипов – раис, Сафарзода Анвар – муовин ва Иззатулло Маҳмудов – котиб таъйин шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз (12.03.2020) дар факултети ҳуқуқшиносӣ бо иштироки роҳбарияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ маросими ба фаъолият шурӯъ намудани шӯро доир гардид.