Фаъолияти Шурои илмию методӣ ба манзури татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, Оинномаи Донишгоҳ, қарори Шӯрои олимон ва фармоишу дастурҳои ректори Донишгоҳ ва ҷиҳати тадриҷан беҳтар кардани сифати таълим, такмили маҳорати касбии омӯзгорон, ҷустуҷӯйи роҳҳо ва усулҳои пешқадами таълим, инчунин истифодаи технологияи инноватсионӣ дар ҷараёни таълим ба роҳ монда мешавад.
Вазифа ва салоҳиятҳои Шурои илмию методии донишгоҳ инҳоянд: муайян кардани дурнамо ва самтҳои фаъолияти ҷории таълимию методии донишгоҳ; ҳамоҳангсозии фаъолияти таълимию методии омӯзгорону кормандони факултетҳо, кафедраҳо ва сохторҳои таркибии донишгоҳ дар самти таҳияю такмили лоиҳаи нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо, дастурҳои таълимӣ-методӣ, тавсияҳои методӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, коркарди меъёри баҳодиҳӣ ба дониши донишҷуён; таҳияи тавсияҳои боэътимоди илмӣ доир ба масъалаҳои ташкил ва такмили корҳои таълимию методӣ аз рӯйи равияҳо, ихтисосҳо ва тахассусҳои роиҷи донишгоҳӣ; таҳия ва таъмини тавсияҳои методӣ оид ба мураттаб сохтани ҳуҷҷатҳои меъёрии донишгоҳӣ роҷеъ ба корҳои таълимию методӣ (лоиҳаи талаботи ҳадди ақалли мазмуну мундариҷаи Стандартҳои давлатии таълимии маълумоти олии касбӣ, лоиҳаи нақшаҳои корӣ, намунавӣ ва таҷрибавии таълимӣ, таҳияи барномаҳои таълимии фаннӣ (силлабусҳо, маҷмӯи саволу ҷавобҳои тестӣ (санҷишӣ), саволу ҷавобҳои рейтингӣ), таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳисоби воҳиди штатҳо ва тақсими сарбориҳои таълимии омӯзгорон, низомномаҳо ва дастуруламалҳои донишгоҳӣ); ширкат дар таҳияи тавсияҳо оид ба такмили таснифоти ҷумҳуриявии ихтисосҳо, равияи ихтисосҳо ва тахассусҳое, ки аз рӯйи онҳо мутахассисони дорои таҳсилоти олии донишгоҳӣ тайёр карда мешаванд; таъмини таҳияҳои илмию методӣ ҷиҳати татбиқи технологияи инноватсионӣ дар раванди таълим ҷиҳати мутобиқ намудани ҷараёни таълими донишгоҳӣ ба фазои умумиҷаҳонии таҳсилот (низоми таҳсилоти кредитӣ, усули фосилавии таълим, истифодаи технологияи компютерӣ ва Интернет дар ҷараёни таълим, шиносоӣ бо нанотехнология ва дигар воситаҳои иттилоотӣ-иртиботӣ); таҳлилу натиҷагирии сатҳи донишазбаркунии донишҷӯён, таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба мониторинг ва назорати сифати таълим ва аттестатсияи донишҷӯён; таҳлили натиҷаи корҳои илмию методии омӯзгорону кормандони факултетҳо, кафедраҳо, сохторҳои таркибӣ, омӯзгорони алоҳида ҷиҳати бозсозии раванди таълим ва татбиқи таҳияҳои илмӣ дар ҷараёни таълим; омӯзиши таҷрибаи пешқадами омӯзгорону кормандони факултетҳо, кафедраҳо, омӯзгорони алоҳидаи донишгоҳӣ ва муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ доир ба ташкили раванди корҳои таълимию тарбиявӣ ва татбиқи он тавассути чорабиниҳои илмию методии донишгоҳӣ (баргузор кардани конференсияҳо, семинарҳои илмӣ-методӣ, таҳияи маҷмӯаи илмӣ-методии донишгоҳӣ, хабарномаи методӣ, намоиши эҷодии омӯзгорон); омӯзиш, натиҷагирӣ ва назорати ҷараёни таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, омӯзгорӣ, истеҳсолӣ, илмӣ-технологӣ, илмӣ-истеҳсолӣ, пешаздипломии донишҷӯёну магистрантҳо (назарпурсиҳои сотсиологӣ, анкетагирӣ, конференсияҳои методӣ ва ғ.); таҳияи тавсияҳо оид ба такмили сатҳи тайёрии назариявӣ ва амалии мутахассисони донишгоҳӣ ва ғ.
Дар ҳайати Шуро муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим (раис), муовини ректор оид ба илм, директорони институтҳои назди донишгоҳ, сардорони раёсатҳои таълим, илм ва навооварии техникӣ, мудирони шуъбаҳои раёсати таълим, котиби Шурои илмию методӣ, раисони Шурои методии факултетҳо ва омӯзгорони соҳибтаҷрибаю навҷӯй дохил мебошанд.