ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ДОНИШГОҲ

273

Дар партави дастуру супоришҳо ва иқдомҳои бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “Шаҳри сабз” ва “Шаҳри гулрез” табдил додани пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе дар ин замина ободонӣ, кабудизоркунӣ ва хуррамгардонии ҳар як гӯшаи он дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайваста шанбегиҳои дастаҷамъонаи донишгоҳӣ гузаронида мешавад.

Бо ин мақсад имрӯз (20.01.2024) ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳалли зист, кормандони донишгоҳ ба шанбегӣ баромада, роҳравҳо ва гирду атрофи биноҳои донишгоҳ, зери гулу буттаву дарахтонро аз баргҳои хазон, ҷуйборҳоро аз партовҳо тоза намуда, муҳити атрофро покиза намуданд.

Дар маъракаи ободонӣ устодону кормандон ва масъулини бахши хоҷагии донишгоҳ иштирок намуданд.