ШАНБЕГИИ УМУМИДОНИШГОҲӢ

478

Имрӯз (19.02.2022) бо ташаббуси ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х., муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Назирҷонзода Р., мудири бахши хобгоҳҳои донишгоҳ Исматуллои С., раиси шурои кураторони донишгоҳ И.Ашуров ва коллективи устодону донишҷӯён дар шаҳраки донишҷӯён ва назди хобгоҳҳои №6 ва №8 шанбегии умумидонишгоҳӣ гузаронида шуд.

Дар шанбегӣ гирду атрофи дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, ҷӯйбору роҳравҳо, ҳудуди донишгоҳ ва хобгоҳҳои №6 ва №8 тозаю озода карда шуда, ҳамзамон, атрофии дарахтон нарм ва шохаҳои нолозими он кутоҳ карда шуд. Шанбегии мазкур бо мақсади ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои таълимӣ ва гирду атрофи хобгоҳҳои донишгоҳ мебошад.