ШИНОСОӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ПЕШҚАДАМИ ЧИН ДАР ЗАМИНАИ БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ ЧИНӢ

150

Имрӯз (07.12.2023) дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин аввалин маротиба Конференсияи байналмилалии забони чинӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони марказҳои Конфутсий ва сохторҳои илмию таълимии кишварҳои марбута иштирок доштанд.

Дар заминаи ҳамоиши мазкур намоишгоҳи илмию таълимӣ ва инноватсионии беш аз 100 муассисаи Ҷумҳурии Мардумии Чин ташкил карда шуд, ки дар ин намоишгоҳи сатҳи байналмилалӣ намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуда, бо масъулини муассиаҳои илмию таълимӣ дар самтҳои мухталиф табодули афкор намуданд.

Зимнан гуфта шуд, ки ташкили намоишгоҳ ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъда ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ мусоидат менамояд. Намоишгоҳ масъалаҳои илмию таълимӣ ва инноватсионии раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони хитоиро дар бар мегирифт. Муҳимтарин масъалае, ки зимнин боздид ва суҳбат бо масъулини намоишгоҳ мавриди мубодила қарор гирифт, омӯзиши масъалаҳои илмию инноватсионӣ ва табодули академӣ буд. Мушоҳида гардид, ки дар аксар муассисаҳои пешкадами Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷавонони тоҷик бо дониши хубу аъло таҳсил менамоянд ва имкониятҳои мусоид барои онҳо мҳайё гардидааст.