ШУРО: АЗ ДАСТОВАРДҲО ТО БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУХТАЛИФ

140

Имрӯз (03.03.2022) дар оғози ҷаласаи васеъи Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ дастовардҳои чанде аз устодону донишҷӯёни донишгоҳ муаррифӣ гардид. Раиси Шуро, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дастоварди ансамбли халқии «Наврӯз» (ғолибият дар озмуни фарҳангии «Биё бихандем», н.Шоҳмансур), дастоварди донишҷӯёни факултети иқтисод ва идора Раҳимов Шоҳин (ғолиби озмуни байналмилалӣ миёни донишҷӯён дар робита ба таҳқиқоти илмӣ) ва Башир Бобохонов (барои ишғол намудани ҷойи аввал дар чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба гӯштини тарзи озод) –ро табрик намуд.

Дар идомаи ҷаласа як қатор масъалаҳои илмию таълимӣ ва хоҷагидории донишгоҳ, аз ҷумла натиҷаи сессияи санҷишию имтиҳонии нимсолаи тирамоҳии соли таҳсили 2021-2022, тасдиқи рӯйхати гирандагони стипендияҳои номӣ, фаъолияти нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» ва фаъолияти матбааи донишгоҳ гузоришҳо шунида шуд.