Соли 2021 – “Соли рушди сифати таҳсилот” ва озмунҳои донишгоҳӣ

Соли 2021 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон “Соли рушди сифати таҳсилот” эълон карда шудааст. Дар робита ба ин, бо иштироки намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Роҳҳои такмили сифати таҳсилот дар асоси талаботи замони муосир» дар моҳи майи соли 2021 баргузор намудани мизи мудаввар ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон, бо мақсади ҷустуҷӯ ва дарёфти истеъдодҳои ҳақиқии омӯзгорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ташвиқи омӯзгорон ба навҷӯию эҷодкорӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва ба ин васила беҳтар намудани сифату самаранокии таълим дар донишгоҳ озмуни “Факултети сол”, “Кафедраи сол”, “Омӯзгори сол” ва “Донишҷӯи сол” таъсис дода шудааст.