СОЛИ 2024 – “СОЛИ РУШДИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ” ВА ОЗМУНҲОИ ДОНИШГОҲӢ

462

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот ва муаррифии ҳарчи бештари менеҷменти сифат аз ҷониби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни баррасии ҳисоботи солона (2023) соли 2024 дар донишгоҳ “Соли рушди сифати таҳсилот» эълон карда шуд.

Ҳамзамон, бо мақсади ҷустуҷӯ ва дарёфти истеъдодҳои ҳақиқии омӯзгорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ташвиқи омӯзгорон ба навҷӯию эҷодкорӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва ба ин васила беҳтар намудани сифату самаранокии таълим дар донишгоҳ озмуни “Факултети сол”, “Кафедраи сол” ва “Омӯзгори сол” таъсис дода мешавад.

Зимнан ректори донишгоҳ таъкид дошт, ки чунин иқдом соли 2021 роҳандозӣ шуда буд ва натиҷаи назаррас нишон дод. Ин гуна тадбирҳо дар самти беҳтар гардонидани самтҳои гуногуни донишгоҳ мусоидат менамоянд. Ректори донишгоҳ барои хуб ба роҳ мондани иқдоми мазкур ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.