СУҲБАТИ МАҶОЗӢ БО КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РУСИЯ

423

Имрӯз (23.06.2021) ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Маркази байналмилалии илмию методии мониторинги молиявии Федератсияи Русия (МУМЦФМ РФ) суҳбати маҷозӣ (онлайнӣ) намуд.

Дар суҳбати маҷозӣ декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ, дотсент Калемуллоев М.В., мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия, профессор Сафарзода А.И., мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ, профессор Сангинов Д.Ш. ва дигар шахсони масъули бонки мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва эҷодро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид шуд, ки ДМТ омодааст бо Маркази мазкур дар самти омӯзиши навгониҳои илмию техникӣ ва таҳияи барномаҳои таълимии молиявию ҳуқуқӣ ҳамкориро ба роҳ монад.

Намояндагони Маркази байналмилаии илмию методии мониторинги молиявӣ зарурати таҳияи васоити таълимии «Махсусиятҳои низоми миллии муқовимат бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастовардашуда ва сармоягузории терроризм»-ро дар якҷоягӣ бо қувваи зеҳнии ДМТ ва кормандони Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карданд. Ҷонибҳо таҳияи васоити мазкурро ҷонибдорӣ намуда, иқдоми саривақтӣ дар фазои илму таълим маънидод карданд.