СУХАН АЗ КОНСТИТУТСИЯ

2844

Ҳамасола 6-уми ноябр дар саросари кишварамон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Дар робита ин санаи муҳимми таърихӣ дар сохторҳои гуногуни донишгоҳ чорабиниҳои илмӣ-таълимӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, чунин чорабинӣ дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо ташаббуси факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамоиши илмӣ – назариявӣ баргузор гардид.

Ҳамоиш бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., садорати факултетҳо ва масъулони шуъбаи тарбия баргузор гардид. Дар нишаст нахуст Ректори донишгоҳ ҳамагонро ба муносибати 27-умин солгарди қабули Конститутсия шодбош намуд. Зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ, аркони давлатдории миллӣ нақши муҳим бозид. Конститутсияи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихиест, ки ҳамчун сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузорӣ иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат ва идораи давлат таъмин намуд.

Баъдан ҳуқуқшинос Маҳмудов И. перомуни марҳилаҳои қабул гардидани Конститутсия, ҷойгоҳи ҷавонон дар ҷомеа ва эътимоду боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қувваи созандаи ҷавонон сухан ронда, оид ба равандҳои муосири сиёсӣ дар ҷаҳон ва минтақа ибрози ақида намуд. Аз ҷумла, мавсуф иброз дошт, ки “рафтору амали шаҳрвандони Тоҷикистон бояд дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад, зеро яке аз аркони калидии кишвари ҳуқуқбунёди моро Қонуни асосӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, мо бояд ба ҷавонону наврасон омӯзонем ва онҳоро дар доираи риояи қонунҳо, хусусан ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо тарбия намоем. Албатта, донистани Конститутсия на танҳо барои баланд шудани маърифати ҳуқуқӣ, балки маърифати сиёсӣ низ мусоидат мекунад. Сипас Ҷ.Қодиров – дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ суханронӣ намуда, иброз дошд, ки «дар таърихи навини давлатдории тоҷикон 6 ноябри соли 1994 барои мардуми мо санаи тақдирсози миллат мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва риояи талаботи Конститутсия барои ҳамаи шаҳрвандон ҳатмист”.