СУХАН АЗ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

2141

Дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ маҳфили «Донишвар», ки бо ташаббуси шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгории донишгоҳ амал мекунад, доир гардид.

Маҳфил бо суханронии мудири шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгории донишгоҳ Мирзозода Ф. оғоз ёфт.

Дар маҳфил докторантони соли якум иштирок ва дар робита ба паҳлуҳои гуногуни Наврӯзи байналмилалӣ суханронӣ намуданд.

ДАР РОБИТА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ

Маҳбубтарин ҷашни миллии мо ин Наврӯз аст, ки дар таърихи фарҳанги мардум ҳеҷ анъана ва расму ойине баробари он шукӯҳу шаҳомати хосса надорад. Ин ҷашн, ҷашни зиндашавии табиат, фарорасии баҳори нозанин, оғози корҳои кишоварзӣ ва баробаршавии шабу рӯз аст. Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, қарорномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” қабул гардид, ки он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон сурат гирифт. Дар қарорномаи мазкур оварда шудааст, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад. Роҷеъ ба таърихи пайдоиши Наврӯз ақидаҳои олимони гузаштаю имрӯза хеле зиёд аст ва дар яке аз идҳои пурнуфузи миллии тоҷикон будани он ҳеҷҷойи баҳсу шубҳае нест.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Наврӯз имрӯзҳо натанҳо муждаи зиндашавии табиатро мерасонад, балки дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як гӯшаю канори мамлакат ободкорию созандагиҳо ва навгониҳои беназирро ҳадя меорад. Ташаббусҳои Пешвои миллат сабаб гардиданд, ки дар арсаи байналмилалӣ ҷашнҳои миллии мо мақоми хосса пайдо карданд. Ин иқдому корнамоиҳои Пешвои миллат омили асосии болоравии худшиносии миллати тоҷик ва муаррифии фарҳанги гузаштаю имрӯзаи халқи мо миёни халқу миллатҳои мухталифи олам аст. Дар ин мақолаи кӯчак мо шарҳи вожаи наврӯзро аз якчанд фарҳангу луғатномаҳо мавриди таҳлил қарор додем, ки аксарияти онҳо шарҳашон якхела аст. Новобаста аз якрангии шарҳҳо метавон мазмунҳои хосса ва расму ойини наврӯзиро аз онҳо дарёфт.

 Бояд ин нуктаро ёдовар шуд, ки ҷашни Наврӯз марбути ягон дину мазҳаб нест. Он реша дар таърихи фарҳанги қадимаи ориёиҳо (тоҷику форс) дорад. Аз рӯйи таҳлили луғатҳо бармеояд, ки пайдоиши Наврӯз ба офариниши инсон ва ифтитоҳи дари кайҳон низ вобастагӣ дорад. Имрӯзҳо Наврӯз ҳамчун иди хуррамию эҳёи табиат, шукуфоию ободонӣ таҷлил мегардад. Вожаи тоҷикии наврӯз, ки аз ҷузъҳои нав ва рӯз аст, ба маънои рӯзи нав истифода мешавад ва дар луғатномаҳо чунин тавсиф ёфтааст: Наврӯз- рӯзи нав, рӯзи тоза. Рӯзи аввали фарвардин, ки бузургтарин ҷашни миллӣ ва оғози соли нави эрониён аст. Он гоҳ, ки рӯзу шаб баробар гардад, ид (Фарҳанги форсии Муин). Наврӯз- бузургтарин ҷашни миллии эрониён, ки аз рӯзи аввали фарвардин оғоз мешавад; наврӯзи султонӣ (Фарҳанги форсии Амид). Наврӯз- бузургтарин ҷашни миллии ақвоми эронӣ, ки аз нахустин лаҳазоти соли нав оғоз мешавад. Наврӯз- рӯзи аввали моҳи фарвардин, ки расидани офтоб аст ба нуқтаи аввали ҳамал (Ғиёс-ул-луғот).

Дар умум, метавон гуфт, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни ниёгон муаррифгари таъриху фарҳанг дониста мешавад.

Каримиён М.Б.

Наврӯз дар Афғонистон

Ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни ҷамшедӣ яке аз бузургтанин ҷашнҳои ориёӣ дар Афғонистон таҷлил мегардад. Мардуми ин кишвар бо гиромидошт ва истиқбол аз ин рӯз, аз ҷумлаи арзишҳои милливу фаҳангӣ ва оғози фасли тароват, соли нави ҳиҷрӣ-шамсӣ ва дубора зинда шудани табиат медонанд. Ин рӯзи хуҷустаро дар Афғонистон бо номҳои зайл таҷлил мекунанд: “ҷашни гули сурх дар Мазори Шариф, ҷашни деҳқон дар тамоми вилоятҳо, ҷашни гули норанҷ дар Нингарҳор, ҷашни гули бодом дар Дойкундӣ, ҷашни гули ангур дар Ҳирот, ҷашни гули зард дар Кописо, ҷашни гули анор дар Кандаҳор, ҷашни гули арғувон дар Парвон” ва бо сафарҳои наврӯзии сайёҳони ҷаҳон, аз ҷумла бо шукуҳтарин оинҳои наврӯзӣ дар Афғонистон таҷлил мегардад. Тавре ки дар боло қайд кардем, ин ҷашни бузург дар шаҳри Мазори Шариф ба номи милаи гули сурх маъмул аст, бо аввалин рӯзи соли нави хуршедӣ шурӯъ шуда, то чиҳил рӯз давом мекунад. Қайд кардан лозим аст, ки барои ширкат ба ин ҷашни бошукӯҳ ҳазорон нафар аз дохил ва хориҷи кишвар ширкат меварзанд. Дар ин ҷашн намояндагон аз кишварҳои гуногун, аз он ҷумла аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Эирон, Ҳиндустон, Аврупо, ИМА ва ғайра ширкат варзида, бо андешаҳои ҷолиб дар маҳфилҳои наврӯзӣ баромад менамянд.

Дар Афғонистон ба мисли давлатҳои дигари фарсзабон, қабл аз фарорасидани Наврӯз хурду калон ба шустушӯ, хонатаконӣ, таҳияи либосҳои нав ва ғ. машғул мешаванд. Ин урфу одатҳои мардумӣ солҳои сол аст, ки дар сарзамини мо дида мешавад. Махсус, ин раванд дар оғози соли нави ҳиҷри шамсӣ бештар дида мешавд ва ин яке аз омилҳои асосии ҷашни Наврӯз ва фарорасии соли нав мебошад. Мардуми Афғонистон аз рӯзи 21-уми март шурӯъ карда ба густурдани хони Наврӯзӣ шурӯъ намуда, бо омода намудани хурокҳои рамзи наврӯзидошта машғули кор мешаванд. Дар хони мардум ба мисли анъанаи Наврӯзӣ аз рӯи ҳуруфоти қадимаи ҳафт сину ҳафт шин оро дода мешавад. Қобили зикр аст, ки аз оғози рӯзи Наврӯз то рӯзҳои 40-уми он мардум ба бозиҳои гуногӯн, аз қабили оташбозӣ, кузашиканӣ, испанд дуд, ба дашту саҳро рафтан, тухми мурғ ҷангак, оши мурод пухтан, қошуқ зании духтарон, гиреҳ задани сабзаҳо тавассути духтарони ҷавон, ид гирифтани наврасон, афкандани сабзаҳо дар об, пухтани моҳӣ ва ғайраро ба роҳ мемонанд. Бозиҳо ва саргармиҳои наврӯзӣ, ба монанди бузкашӣ, паҳлавонӣ, мурғҷангаг, чаҳормағзбозӣ, кабкҷангӣ, хурусҷангӣ, саққабозӣ ва ғ. мебошанд, ки онҳо дар раванди баргузории ҷашни Наврӯз таҷлил карда мешавад.

Хулас, ин гуна бозиҳо ва маҳфилҳои фарҳангии мардуми қадимаи фарсу тоҷик тӯли асрҳо аст, ки дар рафти таҷлили ҷашни Наврӯз баргузор карда мешавад. Дар шароити имрӯза Наврӯзи аҷам, ки дар моҳи марти соли 2010 мақоми баналимиллалиро касб намудааст, дар ҷумҳурии Афғонистон низ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн карда мешавад.

Кушо Фаҳим,

докторанти соли дуюми ДМТ, дотсенти кафедраи таърихи Донишгоҳи ҷузҷони ҶИА