СУХАНРОНИИ РЕКТОРИ ДМТ ДАР ОНЛАЙНКОНФЕРЕНСИЯИ ҶАШНӢ

309

Дар бораи нақши муассири васоити ахбори омма, хусусан нашрияҳо дар замони муосир ҷойи шакку шубҳа нест. Дар ҷомеаи имрӯзанақши расонаҳо, ки матбуот ҷузъе аз онҳост, дар худшиносиву худогоҳии миллӣ, дар раванди демократисозии ҳаёти ҷомеа ва ҳифзи оромию осудагии мардум хеле муҳим арзёбӣ мешавад.

Ин нукта зимни сухани табрикотии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба муносибати сиюмин солгарди фаъолияти нашрияи “Овози халқ” (Халқ сӯзи/ Народное слов)-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон садо дод. Дар робита ба ин ҷашнвора чорабинии илмӣ-фарҳангии маҷозӣ баргузор гардида истодааст, ки сохторҳои мухталифи иштирок ва суханронӣ доранд.