Ҷамъияти инсонӣ дар тулли мавҷудияти хеш воқеаву ҳодисаҳои зиёди иҷтимоиву сиёсиро аз cap гузаронидааст, ки ҳар яке аз онҳо дар марҳилаи худ нақши хосае дорад, аммо андешаи озодӣ, истиқлолият, худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, як порчагии кишвар ва амсоли инҳо аз замони бостон то кунун нуқтаи марказӣ ва меҳвари аслии бузургтарин офаридаҳои маънавии мафкураи инсонӣ буду ҳаст ва ҳаёт аз онҳо вобастагии асосӣ дорад. Ба даст овардани истиқлолияти комил натиҷаи кушиши мардуми Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бедории шуури миллӣ ва ҳофизаи таърихии хеш буд. Худогоҳии миллӣ, яктигарфаҳмӣ ва ниёз ба шинохти асолату гузаштаи худ боиси истиқлоли сиёсии мардуми тоҷик ва пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллию истиқлолияти давлатӣ дар асри XX гардид. Роҷеъ ба моҳияту арзиши ин руйдоди бузург, яъне истиқлолияти давлатию ваҳдати миллӣ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзудаанд: “Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад”. “Ваҳдат рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».
Бояд гуфт, ки истиқлолияту ваҳдату ягонагӣ осон муяссар нашуд. Дар давраи навпоии истиқлолият бо таъсири неруҳои бадхоҳи дохиливу берунӣ Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Ин ҷанг боиси аз байн бурдани ҳазорҳо одамони бегуноҳ, бесаробон мондани чандин ҳазор занону кудакон гардида, ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар талафоту ҳисороти зиёде ворид кард. Бар асари қонуншиканиву бесарусомониҳо пояи давлату давлатдорӣ ноустувор гардида, Тоҷикистон ба гирдоби буҳрон ғутта зад. Бо мақсади наҷот додани Ватан ва миллат шаҳрвандони тамоми минтақаҳои кишвари азизамон ба василаи вакилони мардумӣ тақозо карданд, ки барои барқарорнамудани пояи давлату давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот, волоияти қонун Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардад ва онҳо ба ин мақсад ноил гаштанд. Иҷлосияи XVI роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб кард.
Дар он ҳангом, ки фарзанди фарзонаи миллат, шахси қавииродаву шуҷоъ, сиёсатмадори варзидаву дурандеш, фарди хоксору соҳибдил Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад, Тоҷикистони нав ба ваҳдату ягонаги расида, айёми даҳшатборро ба сар мебурд, кишварро ҳавфи аз байн рафтани якпорчагӣ ва нестии миллат таҳдид мекард.
Пешвои ваҳдатовар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорат барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳрнгӣ ва маънавӣ баровардани Тоҷикистонро матраҳ намуда, кишварро аз вартаи фалокату ҳалокат берун кашид, то ки пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шуда, дар як муддати кутоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншоотҳои азим тавлид ёбанд. Сардори давлат ҳануз дар Иҷлосияи XVI Шуроӣ Олӣ қотеона изҳор дошта буд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам». Бо боварӣ метавон гуфт, ки ин суханон дар саҳифаи таърихи навини миллати тоҷик бо хати заррин ҷовидонӣ сабт хоҳанд шуд, зеро ин гуфтаҳо фарҳанги сулҳи тоҷиконро оинадорӣ карда, аз дили поку саршори муҳаббату садоқати сарвари кишвар нисбат ба халқу Ватан гувоҳӣ медиҳанд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои пойдор гардидани сулҳу суботи саросарӣ дар мамлакат ба масъалаи бунёдкориву созандагӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқисодӣ дар Тоҷикистон корҳои таҳияи барномаи дигаргунсозиҳои иқтисодӣ оғоз шуданд. Бо фаро расидани оромию осудагӣ ва сулҳу созиш Тоҷикистон ба марҳилаи нави зиндагӣ марҳилаи бунёдкориву созандагӣ қадам гузошта, кори ободу зебо гардонидани Ватани азиз, таҳким бахшидани пойдории давлати соҳибистиқлол ба кор андохтани имконоту иқтидори мавҷудаи истеҳсолӣ ва неруи корӣ коркарди захираҳои мавҷудаи зеризаминӣ ва амалӣ намудани нақшаҳои зиёди хурду бузург шуруъ шуданд. Ҳамон шабу рӯз Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи ҷумҳурӣ чунин муроҷиат карда буд: «Ҳар шахсе, ки нангу номус дорад, худро соҳиби Ватан ва фарзанди миллат мешуморад, бояд ба сохтани иморате, бунёди корхонае, кушодани роҳе, обод кардани маконе, ҳатто шинондани дарахте аз худ нақше боқӣ гузорад. Сангеро аз сари роҳ дур афканад, дасти афтодаеро бигирад, ҳоҷати бечораеро барорад, бо амали шоистае номи худ ва номи миллатро баланд бардорад».
Муроҷиати Президенти кишвар ба мардум аз эътиқоду боварӣ ба меҳнатдӯстии халқ сарчашма гирифт. Ӯ аз таърихи миллати хеш хуб медонад, ки халқи тоҷик аз сапедадами таърих ба ободкориву созандагӣ ҳалолкориву меҳнатдӯстии худ шуҳрат дорад. Маҳз ҳамин боварӣ ба халқ аз ҷониби Сарвари давлат боис гардид, ки мардуми меҳнатқарини ҷумҳурӣ пайи ободкориву созандагӣ камари ҳиммат баста, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оваранд. Хушбахтона, имрӯз кишварҳои хориҷӣ дар симои Тоҷикистон ҳамкор ва шарики боэътимодро мебинанд ва давлати мо аз тарафи кишварҳои ҷаҳонӣ ҳамчун давлате шинохта шудааст, ки бо роҳи демократия пеш меравад. Натиҷаи муносибатҳои хуби ҳамкорӣ ва мутақобилан судманд дар самти сиёсати хориҷист, ки Тоҷикистон чанд сол боз аз ҷониби созмони умумиҷаҳонии савдо ҳамчун нозир эътироф гардидааст ва гуфтушунидҳо дар мавриди узвият ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ идома дорад.
Таърих гувоҳ аст, ки дар тули солҳои охир мардуми шарифи ҷумҳурӣ ба комёбиҳои чашмгире ноил гардид. Ҳамаи ин на танҳо ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, балки барои таҳкими мавқеи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат кард. Қайд кардан ба маврид аст, ки сол то сол вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар беҳтар гашта, сиёсати дурусти иқтисодӣ тамоюлҳои хубу мусбатро ба бор оварда истодааст. Хурсандиовар аст, ки мардум чунин ҳақиқатро равшан дарк намудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон, сарфи назар аз ҷой доштани мушкилоти иқтисодӣ, мутобиқи имкон барои беҳбудии зиндагии халқ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат ҷаҳду талош дорад. Дарки ин ҳақиқат мардуми Тоҷикистонро ба корнамоиву ҷонфидоиҳо баҳри ҳифзи Ватану арзишҳои он ҳидоят мекунад. Бояд гуфт, ки Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ барои ба вуҷуд овардани шароиту имконот баҳри рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлолу демократӣ мусоидат намуд ва тамоми шароитро барои пешрафту такомули минбаъдаи кишвар фароҳам овард. Маҳз ҳамин авомил сабаб шуд, ки мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мақомоти қудратии кишварро барқарор сохт, артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис дод, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит фароҳам овард, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонд. Таърих гувоҳ аст, ки роҳи давлатсозиву давлатдории мо дар солҳои истиқолият пур аз мушкилоту монеаҳо буд. Вале мо онро бо иродаи қавии мардуми кишвар, дастгирии руҳи гузаштагони бузург ва азми бунёдкориву созандагии фарзандони баномуси мамлакатамон паси cap кардем. Миллати озодаву сарбаланд ва бостониву соҳибтамаддуни тоҷик метавонад барои ояндаи шукуфон ва рушду нумуи сарзамини аҷдодии хеш корҳои аз ин ҳам бузургтарро анҷом диҳад. Ин саҳифаи таърих- истиқлолият ва сулҳу ваҳдатро метавон ҳамчун рӯйдоди муҳимми таърихӣ ва саҳифаи ибратбахш ёд намуд ва ба насли оянда ҳамчун дарси ибрат омӯзонд. Ҳамин аст, ки тайи солҳои охир бо ибтикори Пешвои муаззами миллат Рӯзи дониш ва дарси сулҳ – 1-уми сентябр дар ин ё он муассисаи таълимӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мешавад ва ин ҷамомад ҷиҳати тарғибу ташвиқи хотираи неки таърих, ҳамзамон, таҳкими худшиносии мардум мусоидат мекунанд. Сухан аз илму маърифат, сулҳу дӯстӣ ва муҳаббату садоқат гуфтан муҳимтарин омили таҳкимбахши худшиносиву худогоҳӣ мебошад. Зеро омӯхтани таърих, яъне ғизо додани маънавиёт барои инсони комил муҳим аст. Тавре Пешвои миллат таъкид мекунад: «Фарде, ки аз сарчашмаи суннатҳои аҷдодӣ ғизо намегирад, аз фарҳанги қадимиву ғановатманди гузаштагон баҳравар намегардад, ба қадри забони шевои модарӣ, адабиёти чандинҳазорсола, таърихи бою пурифтихор ва Ватани тамаддунпарвари аҷдодӣ намерасад, чун дарахтест, ки аз решаи ҳаётбахш канда шудааст». Агар ба таъбири дигар гӯём, решаи ҳаётбахш сулҳу субот ва истиқлолияту ваҳдати комил аст, ки бе онҳо ҳаёти инсон маъно надоранд.
Ҷамшед Абдулоев, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти ДМТ