ТАҶДИДИ НАЗАР БА ҶАРАЁНИ ТАЪЛИМ

500

Имрӯз (02.10.2021) дар ҷаласаи муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДМТ Абдулмуминзода Н.А. бо иштироки кормандони кисми таълим ва муовинони декани факултетҳо масъалаҳои интизоми меҳнат, танзими ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии ҷараёни таълим, назорати санадҳои сессияи санҷишию имтиҳонӣ, натиҷаи фаъолияти Комиссияи қабул, таъмини донишҷӯён бо стипендия, назорати давомоти донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ, инчунин, беҳтар намудани сифати таҳсилот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки дар факултетҳо масъулини самти таълим барои беҳтар гаштани сифати таҳсилот нақши қалидӣ дошта, рушд намудани илму таълим аз онҳо вобасдагии зиёд дорад. Қайд гардид, ки имрӯз роҳбарияти донишгоҳ барои беҳбудии кор ва хуб таҳсил намудани донишҷӯён шароиту имкониятҳои мусоидро фароҳам сохтааст ва барои беҳтар кардани сифати таълим монеа вуҷуд надорад. Танҳо назорати ҷиддӣ ва масъулияти хосса метавонад ба рушди сифати таҳсилот мусоидат намояд.

 Зимнан таъкид шуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, ки технология дар низоми таълим ба таври беназир инкишоф ёфтааст, кадрҳои баландихтисос дар посдории арзишҳои миллӣ нақши калидӣ мебозанд ва ҳар корманд бояд аз нозукиҳои ҷараёни таълим огоҳ бошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Агар мо хоҳем, ки ватанамон обод, давлатамон устувору қавӣ ва сатҳу сифати зиндагонии мардумамон пешрафта бошад, тамоми имконияту захира ва саъю кӯшишамонро бояд ба тарбияи насли наврас, таъмини ҷавонон ва рушди маориф, тайёр кардани кадрҳои миллӣ ва мутахассисони ба шароити иқтисодиёти бозорӣ ҷавобгӯ равона кунем».

 Дар идомаи ҷаласа сардори Раёсати таълими донишгоҳ Қосимзода С. дар робита ба масъалаҳои гуногуни самти таълим ва беҳтар гардонидани фаъолияти он дар факултетҳо суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки масъулини факултетҳо бояд низоми таълим ва корбарии онро таҷдиди назар намоянд. Масъулин усулҳои нави корбариро омӯхта, барои анҷоми нақшаҳои корӣ масъулияти бештар эҳсос намоянд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки вобаста ба ворид гардидани мактабҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои байналмилалии таҳсилот зарурати таҷдиди назар намудани нақша ва барномаҳои таълимӣ, инчунин, мутобиқ кардани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ пайдо гардидааст, ки аз ҳар корманди қисми таълим масъулияти баланд ва иҷрои саривақтиро талаб мекунад. Зикр шуд, ки мутобиқ кунонидани меъёрҳои таҳсилоти ватанӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ вазифаи аввалиндараҷаи масъулин мебошад.