ТАҶДИДИ НАЗАР БА САМТҲОИ ГУНОГУНИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ

225

Имрӯз (15.01.2024) дар ҷаласаи навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо иштироки роҳбарият ва кормандони сохторҳо мухталифи донишгоҳ масъалаҳои муҳимми фаъолияти донишгоҳ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ гузошта шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа даъкид шуд, ки вобаста ба нуктаҳои гуногуни Паёми навбатии Пешвои миллат нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, корҳои амалӣ дар ҳама самтҳо роҳандозӣ карда шаванд.

Дар идомаи ҷаласа самтҳои гуногун, монанди масъалаҳои интизоми меҳнат, танзими ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии ҷараёни фаъолияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ, назорати санадҳои сессияи санҷишию имтиҳонӣ, инчунин, беҳтар намудани сифати таҳсилот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимнан таъкид гардид, ки дар факултетҳо масъулини самти таълим барои беҳтар гаштани сифати таҳсилот нақши қалидӣ дошта, рушд намудани илму таълим аз онҳо вобасдагии зиёд дорад. Қайд гардид, ки имрӯз роҳбарияти донишгоҳ барои беҳбудии кор ва хуб таҳсил намудани донишҷӯён шароиту имкониятҳои мусоидро фароҳам сохтааст ва соли 2024 дар донишгоҳ Соли сифати таҳсилот эълон карда шуд. Барои беҳтар кардани сифати таълим танҳо назорати ҷиддӣ ва масъулияти хосса метавонад ба рушди сифати таҳсилот мусоидат намояд.

Гуфта шуд, ки дар соли ҷорӣ дар ҳама самтҳо аз пештара бояд бештар фаъолият намуд, зеро дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо кадрҳои баландихтисос дар посдории арзишҳои миллӣ нақши калидӣ мебозанд ва ҳар корманд бояд масъулияти бештар эхсос кунад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Агар мо хоҳем, ки ватанамон обод, давлатамон устувору қавӣ ва сатҳу сифати зиндагонии мардумамон пешрафта бошад, тамоми имконияту захира ва саъю кӯшишамонро бояд ба тарбияи насли наврас, таъмини ҷавонон ва рушди маориф, тайёр кардани кадрҳои миллӣ ва мутахассисони ба шароити иқтисодиёти бозорӣ ҷавобгӯ равона кунем».