ТАҶДИДИ НАЗАР БА САТҲИ ЗАБОНОМӮЗӢ

30

Омода намудани мутахассисони донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, таҳияи дастуру китобҳои таълимӣ бо забони тоҷикӣ, ташкили семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки меҳмонони хориҷӣ, иштироки фаъоли донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз рӯйи забони англисӣ, сафарбар намудани омӯзгорони ҷавон ба хориҷи кишвар ҷиҳати такмил додани маҳорати забондонӣ ва дифоъи рисолаҳои илмӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни вохӯрӣ бо коллективи факултети забонҳои Осиё ва Аврупо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки ҷиҳати боз ҳам хубтар фаъолият намудани сохторҳои таркибии факултет (кафедраҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон, иттифоқи касаба, занон …) садорат чораҳои амалӣ андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдода ба раёсати донишгоҳ сари вақт маълумотнома пешниҳод намояд.

Таҷдиди назар ба саволномаҳои тестӣ, маҷмӯъи лексияҳо ва сатҳи забономӯзӣ, дуруст иҷро намудани нақшаи таълимӣ, кам будани мақолаҳои илмӣ бо забонҳои хориҷӣ, ҷоннок намудани ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои пешрафта ва ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотии хориҷи кишвар, назорати ҷиддии ҷараёни таҷрибаомӯзӣ масъалаҳои дигари вохӯрии мазкур буд, ки ба тафсил мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Дар хотима декани факултет Р.Шодиев ва чанде аз устодон Ҳ. Раҷабов, Наврӯзшоев А., Умар С., С.Сулаймонӣ аз роҳбарияти донишгоҳ изҳори миннатдорӣ намуда, ҳалли мушкилиҳои номбаршударо муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, ба омӯзгорони ҷавон ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи забономӯзӣ ва дуруст ба роҳ мондани ҳамкориҳои факултет бо сохторҳои илмию таълимии хориҷи кишвар тавсеаҳои судманд доданд.