ТАҚДИМИ КИТОБҲО АЗ ИНТЕРНАТСИОНАЛИСТ 

28

Тақдими китоб ба китобхона на танҳо амали хайрхоҳона, балки як саҳми арзишманд дар рушди маърифат ва илм ба шумор меравад. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ғалаба яке аз иштирокчиёни башардӯст (интернатсионалист), дотсенти кафедраи морфологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, устод Баҳромов Адҳам Муродович иқдоми шоистае анҷом доданд. Ӯ дар синни мубораки 84-солагӣ қарор дорад ва бо эҳсоси масъулияту муҳаббат ба илму маориф 400 нусха китобҳои арзишмандро ба китобхонаи Донишгоҳ тақдим намуданд.

Ин иқдоми устод Баҳромов А. на танҳо ҳамчун туҳфа, балки ҳамчун рамзи садоқат ба илм ва эҳтиром ба насли нав арзёбӣ мешавад.

Масъулини Донишгоҳ аз ин амали хайр истиқбол намуда, ба устод Баҳромов А. барои эҳсоси баланди ватандӯстӣ, меҳру муҳаббат ба илм ва саҳми арзандаашон дар пешбурди маърифат изҳори сипос менамоянд.