ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ

317

Имрӯз ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. муовини нави ректор оид ба тарбияро муаррифӣ намуда, дар самти иҷрои вазифаҳои хидматӣ муваффақиятҳо таманно намуд.

Гуфта шуд, ки дар мувофиқа бо муассиси донишгоҳ Нилуфар Имомзода – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор ба вазифаи муовини ректор оид ба тарбияи ДМТ таъйин шуд, ки дар ин вазифа то имрӯз номзади илмҳои филологӣ, дотсент Раҳмонзода Ҷамила Мирзо фаъолият мекард.

Муаллима Н.Имомзода соли 2001 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2006 онро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Муаллима дар вазифаҳои гуногун солҳои зиёд фаъолият намудааст. Аз ҷумла, солҳои 2006 — 2008 муҳаққиқи кафедраи ҳуқуқи шаҳрвандии ДМТ ва солҳои 2012 — 2015 котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аз соли 2015 то имрӯз ба ҳайси дотсент ва мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон буд.

Муаллима Н. Имомзода соли 2022 дар мавзӯи «Роҳҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалӣ» рисолаи докторӣ дифоъ карда, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор мебошад.

Муаллима Н.Имомзода дар баробари таълиму тарбияи насли ҷавон, инчунин, ба омода намудани муҳаққиқони риштаи ҳуқуқшиносӣ машғул шуда, дар баробари ин, иштирокчии чандин чорабиниҳои муҳимми илмию фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, хусусан дар самти тарғиби сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – мавқеи зан дар ҷомеа мебошад.

Масъулият муборак, муаллимаи азиз!