ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ДМТ БО ДОНИШГОҲҲОИ АФҒОНИСТОН

1018

 Дар натиҷаи ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина боздид аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф густариш меёбанд. Имрӯз (08.04.2021) дар заминаи ин ҳамкориҳо ҳайати Донишгоҳи Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ Муҳаммад Қосим Ориё ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар самти рушд бахшидани муносибатҳои илмию эҷодӣ, шиносоии комил аз вазъи татбиқи шартномаҳо, инчунин, ҷустуҷӯйи роҳҳои нави ҳамкорӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои илмию таълимии ДМТ бо Донишгоҳи Бадахшони Афғонистон (ДБА) табодули афкор намуданд. Зимни мулоқот аз ҷониби ректори ДБА Муҳаммад Қосим Ориё пешниҳод гардид, ки дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос ҳамкориҳо хуб ба роҳ монда шавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. хуб пазируфта шуда, таъкид шуд, ки роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати кумак расонидан ба донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаи маориф омода мебошад.

Ёдовар мешавем, ки пас аз мулоқот меҳмонон ва масъулони донишгоҳ аз Маркази биотехнология, факултети филология ва Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзодаи факултет, инчунин, Осорхонаи Пешвои миллат дар донишгоҳ боздид намуданд.