ТАҶЛИЛИ ҲАФТАИ «ФРАНКАФОНӢ» ДАР ДМТ

523

Имрӯз (13.05.2022) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо ибтикори кафедраи забони фаронсавии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо бахшида ба ҳафтаи забони фаронсавӣ «Франкофония» дар ДМТ чорабинии илмию фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии декани факултет Р.Шодиев оғоз ёфт.

Дар чорабинӣ сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Таран ва намояндагони маркази фарҳангии «Бохтар» ҷаноби Тиматей де Майор ва омӯзгори ин марказ, хонум Флоренс иштирок варзиданд. Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М. зимни ифтитоҳи чорабинӣ, зикр кард, ки чорабинии мазкур дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса гузаронида мешавад. Мақсади гузаронидани чунин чорабинӣ такмил додани омӯзиши забони фаронсавӣ, ҳамзамон, арҷ ва эҳтиром гузоштан ба забон, фарҳанг ва анъанаҳои ин кишвари ба мо дӯст мебошад ва роҳандозии чунин маҳфилҳо ҷиҳати таҳким бахшидани робитаҳои байниҳамдигарӣ мусоидат менамояд.

Сипас сафири Фаронса дар Тоҷикистон аз омодагии хуби донишҷӯён ва пазироии гарми раёсат ва садорати факултет изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобиларо миёни кишварҳоямон боз ҳам густариш медиҳем.

Дар маҳфил донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупо саҳнаи театрикунонидаи худро намоиш доданд. Инчунин, донишҷӯён порачаҳо аз ҳикояву романҳои фаронсавӣ ва шеърҳоро аз осори бузургони Фаронса бо як маҳорати баланд пешкаши меҳмонон гардониданд.