
Имрӯз (19.11.2025) дар доираи силсилавохӯриҳо ва мулоқотҳои навбатии роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо устодону кормандони воҳидҳои сохторӣ, мулоқоти ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ бо устодону кормандони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ (педагогика, фалсафа, забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ, забони англисӣ, тарбияи ҷисмонӣ, назарияи иқтисодӣ ва ҳарбӣ) ва намояндагони сохторҳои марбутаи Донишгоҳ дар шакли ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони ректор, сардорони раёсатҳо ва роҳбарони бахшҳои гуногуни Донишгоҳ низ ҳузур доштанд. Ҷаласа бо сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳ оғоз ёфт.
Дар оғоз профессор Насриддинзода Эмомалӣ коллективи Донишгоҳро ба ҷашни дар пешистода – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24-уми ноябр) самимона шодбош гуфт.
Сипас дар суханронӣ таъкид намуданд, ки баргузории чунин мулоқотҳои даврӣ барои таҳлилу натиҷагирии ҳамаҷониба аз фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва байналмилалии кафедраҳо ва воҳидҳои сохторӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Ректори Донишгоҳ ба масъулони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва роҳбарони сохторҳои марбут дар самти тақвияти корҳои таълимӣ, рушди тадқиқоти илмӣ, баланд бардоштани сатҳи тарбия ва густариши равобити байналмилалӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории самараноки кафедраҳои умумидонишгоҳӣ бо сохторҳои гуногуни Донишгоҳ, боло бурдани маҳорати касбӣ ва илмию эҷодии устодон, ҷалби фаъолонаи онҳо ба чорабиниҳои илмию маърифатӣ, ташкили маҳфилҳои тарбиявӣ, саҳмгузорӣ дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити корӣ ва риояи меъёрҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимнан таъкид шуд, ки дифои саривақтии рисолаҳои илмӣ ва иҷрои босифати корҳои методӣ аз самтҳои муҳимми фаъолият ба ҳисоб меравад.
Дар рафти ҷаласа Исмоил Шарифзода — сардори Раёсати таълим ва Бурҳоналӣ Шерзода — мудири шуъбаи ҳуқуқ, оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти кафедраҳои умумидонишгоҳӣ суханронӣ намуда, ҷараёни корҳои таълимию методӣ, иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ ва стратегияҳои давлатӣ, ҳамчунин, масъалаҳои мубрами фаъолияти кафедраҳоро мавриди тавзеҳ қарор доданд ва барои рушди минбаъда тавсияҳои мушаххас ироа намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ профессор Насриддинзода Эмомалӣ аз фаъолияти устодону кормандони кафедраҳои номбурда изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки рушду пешравӣ, сатҳи баланди масъулият, тарзи кори муташаккилона ва ҳамфикрии созанда бояд меъёри доимии фаъолияти кафедраҳо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои Донишгоҳ бошад.








