ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БО ИШТИРОКИ МЕҲМОНОНИ ХОРИҶӢ ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ

358

Имрӯз (18.03.2023) дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ҳамзамон, меҳмонон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла доктор Муҳаммад Комил Муайнӣ – муассис ва раиси Донишкадаи байналмилалии дипломатияи фарҳангии Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб), доктор Юсуф Ал – Собирӣ (собиқ сафир) – раиси Шурои мудирони донишкадаи мазкур, доктор Аҳмад Ал-Ҷарвон – аъзои Шурои мудирони донишкада, инчунин, муовини директории Осорхона- мамнуъгоҳи ба номи А.Д. Поленови вилояти Тулаи Федератсияи Русия Д.В. Грушевский ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин (Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий) иштирок доштанд. Насими баҳорӣ, фазои идонаи донишгоҳ ба дили устодону донишҷӯён фараҳу шодӣ бахшид.

Дар саҳни Шаҳраки донишҷӯён аз ҷониби садорати факултетҳои донишгоҳ хони наврӯзӣ, аз қабили ҳафтсин, ҳафтшин ва ҳафтмим, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва хуришҳои баҳорӣ ороста шуд, ки тамошобинон аз онҳо ҳаловат бурданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳамроҳи меҳмонон ва намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ аз хони наврӯзӣ ва маҳорати эҷодию ҳунарии устодону донишҷӯёни факултетҳо боздид намуда, ба омодагии ҷашнии онҳо баҳои баланд доданд.

Дар идомаи чорабинӣ ректори донишгоҳ ҳозиринро ба Иди байналмилалии Наврӯз шодбош гуфта, таъкид дошт, ки Наврӯз бо пайки хуҷастаи худ ба табиати куҳандиёр таровати тоза, ба хонадон шодиву нишот ва файзу баракат, ба дили мардум армуғони умеду орзуҳои наҷиб меорад. Афзуд, ки армуғони наврӯзии имсола ифтитоҳи бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии донишгоҳ мебошад, ки санаи 13-уми март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Сипас барномаи рангини ҳунарии ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ хотири тамошобинонро шод намуд, ки дар барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ҳунармандону ҳунарпешагони шинохтаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Нобовар Чаноров, Шабнами Тоҷиддин, Нишонаи Рустам, Шаҳроми Акобир, Бахтиёри Иброҳим, Сарвиноз Юсуфова, ансамбли «Падида», Ҷамшеди Ҳалим иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар робита ба ин иди миллӣ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили шашкаву шоҳмон ва гӯштингирӣ бо ташаббуси кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши донишгоҳ миёни донишҷӯёни факултетҳо ташкил шуд.