ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ЗАБОНИ ҲИНДӢ ДАР ДМТ

47

Имрӯз (18.02.2025) бо дастгирии раёсати Донишгоҳи миллӣ ва ташаббуси садорати факултети забонҳои Осиё ва Аврупо дар пояи кафедраи филологияи ҳинди факултети мазкур “Рӯзи ҷаҳонии забони ҳиндӣ”, ки ҳамасола моҳи январ таҷлил карда мешавад, ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Раҷеш Уике иштирок намуд.

Қаблан меҳмони олиқадр бо ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. мулоқот намуда, дар самти ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуданд. Дар зимн ректори Донишгоҳ аз имкониятҳои илмию таълимии Донишгоҳ ва ҳамкориҳои он бо муассисаҳои илмию таълимии хориҷи кишвар суханронӣ намуд.

Ҷонибҳо аз тақвияти ҳамкориҳо дар самти омӯзиши забон, адабиёт ва фарҳанги Ҳинд, омӯзиши самтҳои мухталифи илму техника, таҳқиқоти муштараки илмӣ, рушд бахшидани табодули устодону донишҷӯён ва гузаронидани ҳамоишҳои гуногуни илмию амалӣ, бозомӯзии мутахассисиони риштаи забономӯзӣ ва иҷрои корҳои илмию таълимӣ табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон, меҳмонон аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, дидан намуданд.

Сипас дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардида, кори он бо сухани муқаддимавии декани факултети мазкур, дотсент Сайдализода Ш. оғоз ёфт.

Зимнан муовини ректор оид робитаҳои байналмилалӣ, профессор Ғаффорзода И. иброз дошт, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар бахшҳои гуногун густариш ёфта, имрӯзҳо дар самти омӯзиши забон, адабиёт ва фарҳанги ҳинд тадбирҳои муҳим андешида шудааст. Гуфта шуд, ки воқеан, забон бузургтарин нишонаи миллат аст, ки дар баробари гузаштаро ба имрӯз пайвастан боз ба унвони пуле байни миллатҳо хидмат мекунад

Дар навбати худ сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Раҷеш Уике перомуни баргузории “Рӯзи ҷаҳонии забони ҳиндӣ” андешаҳо баён доштанд. Таъкид гардид, ки вохӯрии мазкур дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва тақвият додани самти илму маорифи ду кишвар, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои илмию пажуҳишӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.

Таъкид карда шуд, ки аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон муносибатҳои дӯстонаи дипломатиро ба роҳ мондааст. Ҷумҳурии Ҳиндустон аз нахустин кишварҳое ба шумор меравад, ки Истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва тайи беш аз сӣ сол мешавад, ки байни ин ду кишвари ба ҳам дӯст ҳамкориҳои судманди дуҷониба роҳандозӣ карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон сол ба сол таҳким меёбанд. Ин ду давлати дӯст муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии чандинасра дошта, барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу маориф барнома ва пешниҳодҳои мушаххас амалӣ намуда истодаанд.

Зимнан, суханронии профессори кафедраи филологияи ҳинд Раҷабов Ҳабибулло ва зумрае аз донишҷӯёни факултети мазкур шунида шуд.

Бахши дигари маҳфилро барномаи фарҳангӣ-фароғатии омоданамудаи донишҷӯёни факултет намоиш дода шуд, ки он бо як маҳорати баланди эҷодӣ гузаронида шуд. Нахуст донишҷӯён аз таърихи Ҳиндустон бо забони ҳиндӣ саҳначаҳои тарбиявӣ пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби чанд нафар донишҷӯён порчаҳои шеърӣ қироат шуд. Дар зимн зумрае аз донишҷӯёни факултет бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.