ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДМТ

563

Ҳамасола 6-уми ноябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Дар робита ба ин санаи муҳим дар сохторҳои гуногуни мамлакат чорабиниҳои илмӣ-таълимӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, чунин чорабинии пуршуқӯҳ имрӯз (03.11.2022) дар толори калони ДМТ баргузор гардид.

Нишаст бо сухани ифтитоҳии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз гардид. Ректори донишгоҳ  ҳамагонро ба муносибати ин ҷашни муҳимми давлатӣ табрик намуда, зикр намуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун раҳнамо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа нақши созгор дорад. Гуфта шуд, ки дар давоми 28 соли Конститутсия ҷиҳатҳои ҳуқуқии тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар рушд кард, ки ин ҳама аз сулҳу субот ва пойдории ваҳдати миллӣ дар ҷомеа вобаста аст.

Баъдан судияи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамшедзода Ҷ.Н. суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки Конститутсия  қонуни асосӣ ва шаҳодатномаи миллат ба шумор рафта, маҳз дар асосу партави он зиндагии моддиву маънавии ҷомеа ва фазои мусоиди кору ҳаёти ҳар як  сокини кишвар ба танзим медарояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бархӯрдорӣ аз миллият ва ҷавобгӯ будан ба тамоми ниёзҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хосаеро касб менамояд.

Мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ Қадиров Ҷ. дар мавзӯи «Нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ» маърӯза намуда, саҳми қонуни асосии кишвар – Конститутсияро дар таъмини сулҳу суботи ҷомеа назаррас арзёбӣ кард.

Дар ҷараёни ҳамоиш омӯзгорону кормандони зерини донишгоҳ барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи маориф ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ бо Ифтихорномаи донишгоҳ сарфароз гардиданд.

Кароматулло Қаландаров – ассистенти кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон(факултети фалсафа); Аслиддин Аҳадзода – сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ; Ғозибек Тупалов – дотсенти кафедраи мутолиоти Шарқи факултети муносибатҳои байналхалқӣ ва Хайриддин Пайвандов – муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ.

Дар қисмати дуюми ҳамоиш барномаи рангини омоданамудаи ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.