ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР: ҚАДРДОНИИ БОНУВОН ВА ҶАМЪБАСТИ ЧОРАБИНИҲОИ ВАРЗИШӢ

158

Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо самимияти хос ҳайати занону бонувон ва донишҷӯдухтаронро бо ин рӯзи неку фархунда табрик гуфта, оид ба хизматҳои шоёни занону бонувон ибрози андеша намуданд. Мавсуф зимни суханронӣ аз дастгириҳои бонувону занони донишгоҳ ва ташаббусҳои созандаи модарон дар сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат ёдовар шуданд.

Сипас раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳ.Ҷ. устодону кормандони донишгоҳ ва дар симои онҳо кулли бонувони кишварро самимона табрик намуда, таъкид доштанд, ки маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзуда, занон дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеӣ гузошта истодаанд.

Дар идомаи чорабинӣ зумрае аз бонувони донишгоҳ бо ифтихорномаҳои ДМТ, Кумитаи кор бо занон ва оила ва сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ мусобиқаи кушод оид ба шашка, ки миёни бонувон (устодону кормандон) барои дарёфти Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар баргузор гардида буд, ҷамъбаст ва ғолибон қадрдонӣ шуданд.

Дастаи факултети механикаю математика сазовори ҷойи аввал (Дипломи дараҷаи 1, медали тилло, мукофотпулӣ ва Ҷоми ректори ДМТ), дастаи факултети химия созовори ҷойи дуюм (Дипломи дараҷаи 2, медали нуқра ва мукофотпулӣ) ва дастаи Маркази тестӣ, технологияи иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ сазовори ҷойи сеюм (Дипломи дараҷаи 3, медали биринҷӣ ва мукофотпулӣ) гардиданд.

Сипас ансамбли халқии “Наврӯз”-и ДМТ баҳри фароғати ҳозирин ва гиромидошти зан-модар барномаи фарҳангиро намоиш доданд, ки дар он сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ Зайнура Пулодова, Дилшоди Файзулло, Ситораи Кароматулло  иштирок ва сурудхонӣ намуданд.