ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ДОНИШГОҲ

12

Имрӯз (04.03.2026) бахшида ба Рӯзи модар дар толори асосии Донишгоҳи миллӣ чорабинии идона баргузор гардид. Нахуст аз номи роҳбарияти Донишгоҳ ҳамчун рамзи эҳтиром ба зиёда аз сесад нафар бонувон гулҳои баҳорӣ тақдим гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани табрикотии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт. Зимнан ректори Донишгоҳ аз дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мавқеи зан дар ҷомеа изҳори андеша намуд. Гуфта шуд, ки дар тамоми давраҳои таърихии миллатамон қадру қимати зани тоҷик ҳамеша баланд буд ва нақши онҳо дар инкишофи тамаддуни фарҳанги миллӣ басо бузург аст. Бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор тадбирҳои мушаххас, қабул кардани барномаи давлатӣ оид ба ҷо ба ҷо гузории кадрҳо аз ҳисоби занон, бунёди хобгоҳҳо барои донишҷӯдухтарон, ҷудо намудани гранти Президентӣ барои институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, қабули духтарон тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии касбӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дар идомаи чорабинии мазкур Одиназода Чаманоро – муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бобомалаев Илҳом – устоди факултети филологияи Донишгоҳ суханронӣ намуда, бонувони кишвар ва дар симои онҳо устодону кормандони Донишгоҳро бахшида ба Рӯзи модар табрик намуданд.

Гуфта шуд, ки мавқеи зани тоҷик дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва фаъолияти онҳо дар рушди босуботи кишварамон назаррас мебошад. Занону модарони тоҷик, ки имрӯз дар фазои сулҳу субот ҳаёт ба сар мебаранд, бояд он донишу малакае, ки доранд, баҳри пешрафту шукуфоии Ватани хеш сарф намояд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ ба чанде аз занону духтарони Донишгоҳ Ифтихорномаи Кумита супорида шуд.

Ҳамзамон, тибқи фармоиши ректори Донишгоҳ як қатор омӯзгорону кормандон ва донишҷӯдухтарони фаъоли Донишгоҳ барои пешбурди раванди таълиму тарбия ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи ДМТ ҳавасманд гардонида шуданд.

Дар охир ансамбли халқии “Наврӯз” баҳри фароғати ҳозирин ва гиромидошти зан-модар барномаи хуби фарҳангиро бо иштироки сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ – Нигора Холова, Сарвиноз Юсуфӣ, Умедҷони Бурҳон ва Аҳмад Асалбеков намоиш доданд.