ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ

244

Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар саросари кишвар Рӯзи омӯзгоронтаҷлил мегардад. Ба ин муносибат имрӯз (03.10.2024) дар Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмию фарҳангӣ доир гардид, ки дар он устодону кормандони Донишгоҳ ва толибилмони Литсей иштирок доштанд.

Ҳамоишро ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ин иди касбӣ муборакбод гуфт. Зикр гардид, ки рушд ва ояндаи ягон ҷомеаро бе заҳмати омӯзгорон наметавон тасаввур кард. Зеро омӯзгор дар тарбияи насли ояндасоз ва мутахассисони баландихтисос нақши арзанда дорад. Хушбахтона, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгор дар ҷомеа мавқеи муҳимро касб кард ва тавре иброз медоранд: «Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад».

Мавсуф дар идома таъкид намуд, ки омӯзгор зиндагиро ба мо меомӯзад ва ба қавли шоир агар заҳмати омӯзгор набошад дунё тира аст.

Зимнан номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии факултети таърих Мунавваров М. баромад намуда, омӯзгоронро равшангари ҳаёти инсон номид.

Таъкид гардид, ки дар замони истиқлол таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба эътибори омӯзгор ва ҷойгоҳи ӯ дар ҷомеа афзун гардид, зеро пешрафти тамоми соҳаҳо аз фаъолияти пурсамари омӯзгор вобаста аст. Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “дар ташаккули маънавию зеҳнии ҳар фард баъди модар омӯзгор меистад. Маҳз омӯзгор хишти аввалини бинои маърифату фарҳанги ҳар инсонро мегузорад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки мақоми омӯзгорро дар ҷомеа баланд бардорем ва барои ӯ шароити мусоид, имконияти бештари ҷустуҷӯи роҳҳои наву замонавии таълиму тарбияро муҳайё созем”.

Ҳамзамон, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии факултети филологияи рус Лола Рӯзиева сухан намуда, қайд намуд, ки пешаи омӯзгорӣ душвору заҳматталаб, вале пурифтихору сутуданӣ аст. Омӯзгор дар ҷомеа мақому мартабаи баланд дошта, аз эҳтироми ҳамагон бархурдор аст. Аслан, бузургдошти омӯзгор барои халқи фарҳангсолори тоҷик анъанаи дерин буда, ба ин ситоишномаҳои зиёди адабиёти пуровозаву ғановатмандамон гувоҳӣ медиҳанд.

Дар охир ба чанде аз устодони фаъолу соҳибтаҷриба аз ҷониби ректори Донишгоҳ ифтихорномаҳо супорида шуд.

Дар ҷамъбаст аз ҷониби ансамбли халқии “Наврӯз”- и Донишгоҳ барномаи консертии идона пешкаши ҳозирин гардид.