ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙИ НАЗДИ ДМТ

12

Имрӯз бо иштироки омӯзгорону шунавандагони Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабӣ баргузор гардид. Дар оғози маҳфил муовини директори Донишкада оид ба тарбия Асозода Ҳусайнӣ суханронӣ намуда, вобаста ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар бораи саҳм, корнамоиҳо ва хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самъи шунавандагон маълумот пешниҳод кард.

Дар ҷараёни маҳфил шунавандагони гурӯҳи 25075 — Қадамов Яқуб, Нодилёбова Сафина ва Файзуллозода Исҳоқ — дар васфи Пешвои миллат шеърҳо қироат намуданд. Баргузории ин чорабинӣ ба шунавандагон имкон дод, ки донишу маърифати худро оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдорӣ ва густариши сулҳу субот амиқтар намоянд. Ҳамзамон, иштирокчиён фазои маънавию фарҳангии маҳфилро эҳсос карда, бо қироати шеърҳо ва гуфтугӯҳои судманд фаҳмиши хешро ғанӣ гардониданд. Чорабинӣ бо суханони хотимавии роҳбарияти Донишкада ва арзи миннатдорӣ ба иштирокчиён барои саҳми фаъолонаашон ҷамъбаст гардид.