ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ФАРОНСАВӢ БО ИШТИРОКИ САФИР

16

Имрӯз (29.04.2025) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи забони фаронсавии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо бахшида ба рӯзи забони фаронсавӣ, ба истилоҳ ҳафтаи «Франкофонӣ» чорабинии илмию фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии муовини ректори Донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода И. оғоз ёфт. Тавре гуфта шуд, яке аз аввалин кишварҳои аврупоӣ, ки Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуд, Фаронса буд. Ин иқдом ҳанӯз соли 1992 сурат гирифта, аз ҳамон вақт сар карда муносибатҳои дипломатӣ ва фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса расман оғоз ёфта, пайваста рушд ва тавсеа меёбанд.

Аз ҷумла, соли 2021 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар осорхонаи Гимеи Порис намоише, зери унвони «Тоҷикистон, диёри рудҳои тиллоӣ» баргузор гардид, ки аксарияти давлатҳои Аврупо аз ин осорхона боздид намуда, доир ба таърихи халқи тоҷик маълумот гирифтанд. Дар партави ҳамкории давлатҳои ба ҳам дӯст, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишкадаи миллии забонҳо ва тамаддуни Шарқ (Фаронса) қарордоди ҳамкорӣ бастааст, ки тибқи он, донишҷӯёни бахши забони форсии донишкадаи зикршуда, ҳар сол барои як нимсолаи таҳсил ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон меоянд. Аз рӯзи ба имзо расидани ин шартнома аллакай 13 нафар донишҷӯи Донишкадаи миллии забонҳо ва тамаддуни Шарқ (Иналко) дар Донишгоҳи миллӣ ба таҳсил ҷалб шудаанд.

Дар чорабинӣ сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Элза Пинёл ва намояндагони Маркази фарҳангии «Бохтар» иштирок варзиданд.

Декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Сайдализода Ш. зимни суханронӣ зикр кард, ки чорабинии мазкур дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса гузаронида мешавад. Мақсади гузаронидани чунин чорабинӣ такмил додани омӯзиши забони фаронсавӣ, ҳамзамон, арҷ ва эҳтиром гузоштан ба забон, фарҳанг ва анъанаҳои ин кишвари ба мо дӯст мебошад ва роҳандозии чунин маҳфилҳо ҷиҳати таҳким бахшидани робитаҳои байниҳамдигарӣ мусоидат менамояд.

Сипас сафири Фаронса дар Тоҷикистон аз омодагии хуби донишҷӯён ва пазироии гарми раёсат ва садорати факултет изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобиларо миёни кишварҳоямон боз ҳам густариш медиҳем.

Дар маҳфил донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупо барномаи рангини фарҳангиро намоиш доданд. Инчунин, донишҷӯён порачаҳо аз ҳикояву романҳои фаронсавӣ ва шеърҳоро аз осори бузургони Фаронса бо як маҳорати баланд пешкаши меҳмонон гардониданд.

Ҳамзамон, устодону донишҷӯёни факултети мазкур, ки дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок намуданд, аз ҷониби Сафорат ва Маркази фарҳангии «Бохтар» бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.