ТАҶЛИЛИНАВРӮЗИБАЙНАЛМИЛАЛӢДАРДОНИШГОҲИМИЛЛӢ

30

Имрӯз (20.03.2025) дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Насими баҳорӣ, фазои идонаи Донишгоҳ ба дили устодону донишҷӯён фараҳу шодӣ бахшид.

Дар саҳни Шаҳраки донишҷӯён аз ҷониби садорати факултетҳо хони наврӯзӣ, аз қабили ҳафтсин, ҳафтшин ва ҳафтмим, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва хуришҳои баҳорӣ ороста шуд, ки тамошобинон аз онҳо ҳаловат бурданд.

Ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. ҳамроҳи меҳмонон ва намояндагони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ аз хони наврӯзӣ ва маҳорати эҷодию ҳунарии устодону донишҷӯёни факултетҳо боздид намуда, ба омодагии ҷашнии онҳо баҳои баланд доданд.

Дар идомаи чорабинӣ ректори Донишгоҳ ҳозиринро ба Иди байналмилалии Наврӯз шодбош гуфта, таъкид дошт, ки Наврӯз бо пайки хуҷастаи худ ба табиати куҳандиёр таровати тоза, ба хонадон шодиву нишот ва файзу баракат, ба дили мардум армуғони умеду орзуҳои наҷиб меорад.

Гуфта шуд, ки бо саҳм ва талошҳои ҳамаҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ ҳамасола 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд менамоянд: “Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро дар тули садсолаҳо ба монанди забони модарӣ ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии ҳувияти миллӣ ва мояи сарбаландии маънавии худ медонад”.

Дар қисмати дигари чорабинӣ дастранҷи кормандону омӯзгорон қадрдонӣ шуд. Аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ як қатор кормандон, ки дар рафти фаъолияти корӣ саҳми назаррас гузоштаанд, бо сипоснома қадрдонӣ шуданд.

Сипас барномаи рангини ҳунарии ансамбли халқии «Наврӯз»-и Донишгоҳ хотири тамошобинонро шод намуд, ки дар барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ сурудҳои тараннумгари васфи баҳор, Наврӯз ва сулҳу дустӣ хонда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар робита ба ин иди миллӣ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили валейбол, бандкашӣ ва гӯштингирӣ бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳ миёни донишҷӯёни факултетҳо ташкил шуд.