ТАҲСИЛ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ИҚТИСОДИИ УРАЛ

1149


        Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба иттилои донишҷӯён мерасонад, ки Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал (ДДИУ) дархости донишҷӯёнро ҷиҳати иштирок дар барномаи табодули академӣ барои солҳои 2020-2021 эълон менамояд.
 
ДАВРАҲОИ ОМӮЗИШӢ:
Нимсолаи тирамоҳӣ: 1 сентябри соли 2020 – 31 декабри соли 2020.
Давраи имтиҳонӣ: 14–25 декабри соли 2020.
 
Нимсолаи баҳорӣ: 11 январи соли 2021 – 30 июни соли 202.
Давраи имтиҳонӣ: 1–30 июни соли 2021.

МӮҲЛАТИ ПЕШНИҲОДИ ҲУҶҶАТҲО:
Нимсолаи тирамоҳӣ:  то 1 сентиябри соли 2020.
Нимсолаи баҳорӣ: то 30 ноябри соли 2020.
 
ҲУҶҶАТҲО БАРОИ ДОХИЛШАВӢ:
1. Мактуб-роҳхат аз донишгоҳи равонкунанда
2. Нусхаи шиноснома
3. Мактуб бо асоснокӣ
4. Ариза (Applicationform)
 
САМТҲОИ БАРТАРИДОШТА: иқтисод, менеҷмент, баҳисобгирии бухгалтерӣ, сайёҳӣ ва фаъолияти меҳмондорӣ, ҳуқуқ, молия, технологияҳои иттилоотӣ, технологияҳои хӯрокворӣ.
 
 
Барои иттилои муфассал метавонед ба сомонаи зерин ворид шавед.  http://www.usue.ru/
 
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва машварат ба бахши таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳои шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМТ муроҷиат намоед.