ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ РОБИТАҲОИ ИЛМӢ

874

Дар доираи ҳамкориҳои судманд бо донишгоҳҳои байналмилалӣ имрӯз (09.04.2022) дар пояи Институти илмию таҳқиқотии назди Донишгоҳи миллӣ ва факултети химия дар самти амали гардонидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020-2040 ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» бо иштироки намояндагони расмии донишгоҳҳо ва институтҳои илмию таҳқиқотии Кибириси Шимолӣ, «Никон – гурӯҳ» дар кишварҳои форсизабон, доктор Абдулкарим Содиқӣ ва Муҳаммад Амини Асадӣ семинари илмию амалӣ баргузор гардид.

Семинари илмӣ бо сухани муқаддимавии директори Институти илмию таҳқиқотии назди ДМТ С. Раҷабов оғоз ёфт. Мавсуф оид ба тақвият ва пурзӯр намудани фаъолияти маҳфилҳо, семинарҳои илмӣ, конфренсияҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар риштаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ суханронӣ намуд.

Сипас Абдулкарим Содиқӣ ва Муҳаммад Амини Асадӣ дар самти робитаҳои илмию фарҳангии кишварҳои форсизабон ва тақвият бахшидани муносибатҳои илмию таълимӣ маърӯза намуданд. Зимнан таъкид шуд, ки мақсад аз баргузор намудани ҳамоиши мазкур, пеш аз ҳама, таҳкими ҳамкориҳои муштарак ва сармоягузорӣ намудан дар соҳаҳои мухталифи илм, таълим, инчунин, ҷалби бурсияҳо ва беҳтар гардонидани сифати илм мебошад.