
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои вохӯриву мулоқотҳои роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо устодону кормандони воҳидҳои сохторӣ мулоқоти навбатии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ бо устодону кормандони факултетҳои фалсафа, физика, таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовинони ректор, сардорони раёсатҳо ва роҳбарони бахшҳои марбута низ ҳузур доштанд. Ҷамъомад бо сухани муқаддимавии Ректори Донишгоҳ оғоз ёфт. Профессор Насриддинзода Эмомалӣ зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки вохӯриҳои даврӣ на танҳо воситаи муҳимми таҳлилу натиҷагирӣ аз фаъолияти таълимӣ ва илмӣ мебошанд, балки барои таҳкими фазои ҳамфикриву ҳамкорӣ дар муҳити Донишгоҳ замина мегузоранд.
Ректори Донишгоҳ ба мутасаддиёни факултетҳо дар самти пеш бурдани корҳои илмию таълимӣ, тарбия ва равобити байналмилалӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Омода намудани мутахассисони донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, таҳияи дастуру китобҳои таълимӣ, ташкили семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки меҳмонони хориҷӣ, иштироки фаъоли донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, сари вақт дифоъи рисолаҳои илмӣ, ҷалби ҷавонон ба пажуҳиши илмӣ, ҷоннок намудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар зимн Исмоил Шарифзода – сардори Раёсати таълим ва Бурҳоналӣ Шерзода – мудири шуъбаи ҳуқуқ дар бораи самтҳои гуногуни фаъолияти факултетҳо, аз ҷумла ҷараёни корҳои таълимӣ ва иҷрои бандҳои барномаву стратегияҳои давлатӣ ва соҳавӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати беҳтар намудани фаъолият дар ин самт тавсияҳои мушаххас ироа карданд.
Ҳамзамон, ректори Донишгоҳ аз фаъолияти устодону кормандони факултетҳои мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки рушду пешрафт, сатҳи баланди масъулият ва ҳамфикрии созанда бояд меъёри доимии фаъолияти Донишгоҳ бошад.








