Бо чунин унвон имрӯз (17.10.2025) дар пояи кафедраи менеҷмент ва маркетинги факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи илмию амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони илму маориф, олимон ва коршиносони соҳаи инноватсия ва иқтисоди миллӣ иштирок намуданд.
Иштирокчиёни конференсия изҳор доштанд, ки дар шароити муосири рушди иқтисодиёти инноватсионӣ ва афзоиши талабот нисбат ба ташаккули тарҳҳои навоваронаи молу хизматрасониҳо, омӯзиш ва таҳлили амиқи масъалаи такмили идоракунии рушди инноватсионии соҳаҳои иқтисодӣ аҳамияти хоса пайдо кардааст. Ин раванд ба сифати омили муҳими таҳкими иқтидори иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ арзёбӣ мегардад.
Бо дарназардошти аҳаммияти баланди рушди инноватсия дар низоми иқтисоди миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, солҳои 2025–2030-умро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд.
Ҳамзамон, Пешвои миллат таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз иқдомҳои муҳимми давлат дар самти дастгирии фаъолияти инноватсионӣ арзёбӣ карда, зикр намуданд, ки ин ниҳод бояд дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимӣ амал намуда, барои мустаҳкамсозии робитаи илм бо истеҳсолот заминаи воқеӣ фароҳам оварад.
Дар доираи ин ҳамкорӣ метавон ба ташаккул ва татбиқи тарҳҳои инноватсионӣ дар иқтисоди миллӣ мусоидат намуд ва барои баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии иқтисоди кишвар шароити мусоид фароҳам овард.
Бо такя ба азму иродаи қавии Пешвои миллат дар самти рушди инноватсия, инчунин, ба назар гирифтани таҷрибаи кишварҳои пешрафта, баргузории пайваста ва мақсадноки конференсияҳои илмӣ дар Донишгоҳ метавонад яке аз роҳҳои самарабахши татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт бошад.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дарки масъулияти баланд ҷиҳати рушду тақвияти фаъолияти инноватсионӣ, пайваста барои такмили шароити таҳсилу таҳқиқ ва фароҳамсозии заминаи мусоид барои рушди илм ва технология кӯшиш менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дастовардҳои илмии олимони Донишгоҳ дар сатҳҳои гуногуни илмӣ қадршиносӣ гардида, барои татбиқи амалии хулосаҳои илмӣ ва тарҳҳои инноватсионӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.





