ТАКМИЛИ ИХТИСОС БА РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ТАКОНИ ҶИДДӢ МЕБАХШАД

381

(Бардошт аз Паём)

Соҳаи маориф дар сиёсати муваффақонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат яке аз самтҳои афзалиятнок ва калидӣ маҳсуб меёбад. Дар даврони соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат новобаста аз вазъи иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии кишвар ба ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои рушди он шароити мусоидро фароҳам оварда истодаанд.

Дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28.12.2023, ки дар он тамоми паҳлуҳои давлатдории кишвар мавриди таҳлил қарор дода шуда, ба соҳаи маориф диқкати махсус зоҳир карда шуд. Аз мазмуни Паёми Пешвои муаззами миллат чунин бармоеяд, ки дар низоми имрӯзаи сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ҷойгоҳ ва манзалати хосаро бархӯрдор аст. Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат таъкид шудани он, ки “рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад” ин бозгӯйи он аст, ки Сарвари давлат ояндаи ободу дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол, шароити арзанда ва рӯзгори босаодати мардуми бофарҳанги кишвар, бунёди ҷомеаи солим, насли босаводу худогоҳ ва соҳибмаърифатро маҳз ба рушди илму маориф дар кишвар тавъам медонанд.

Омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгуй ба талаботҳои байналмилалӣ дар самти мориф ва боло бурдани сатҳи таълим ва сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, доимо дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Мусаллам аст, ки боло рафтани сатҳи таълим ва сифати таҳсилот аз сатҳи донишу малакаи касбӣ ва пайваста ташаккул додани салоҳиятнокии касбии омӯзгорон алоқамандии ногусастанӣ дорад. Дар шароити имрӯза яке аз роҳҳои самарабахши ташаккули дониш ва салоҳиятнокии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути ба роҳ мондани такмили ихтисоси онҳо маҳсуб меёбад.

Такмили ихтисоси омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, пеш аз ҳама омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар рушди соҳаи маориф ва омода намудани мутахассисони босаводу донишманд ва рақобатпазири талаботи бозори меҳнат нақши калидӣ дорад, зери таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат қарор гиритфааст. Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такмили ихтисоси омӯзгорон таваҷҷуҳ намудла, чунин таъкид намуданд, ки “ ба масъалаи аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рӯшди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгорон дар ҷомеа… эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад”.

Дар шароити имрӯза, ки ислоҳоти соҳаи маориф дар аксари зинаҳои таҳсилот ба маром идома дорад, масъалаи такмили ихтисоси омӯзгорон ба ҳайси яке аз масъалаҳои мубрам баромад менамояд. Қайд намудан ба маврид аст, ки натиҷаи назаррас ва самарабахши ҳамагуна ислоҳоту тағйиротҳои дар ҷомае ва давлат анҷомдодамешуда, пеш аз ҳама, аз омӯзгори донишманду фарогири донишҳои замонавии соҳавӣ, татбиқкунандаи усулҳои наву фаъоли таълим ва бархӯрдор аз технологияи пешрафта вобастагӣ дорад.

Чунин талаботҳо ба он нигаронида шудааст, ки зимни гузаштан аз такмили ихтисос талаботи ташаккулёфтаро ба худтаълимгирӣ, қобилиятнокро ба худинкишофиҳӣ, моилро ба худамалинамоӣ ба тадриҷ рушд дода, барои боло бурдани донишу малакаи омӯзгор барномаҳои замонавии таълимиро роҳандозӣ намуд.

Имрӯз назари аксари коршинос бар онаст, ки такмили ихтисос ҳамчун таҳсилоти касбии иловагӣ бояд ба он нигаронида шавад, ки боиси такмил додан ва бозбинӣ намудании донишҳои мавҷуда ва аз худ намудани малакаҳои касбии умумисоҳавӣ ва соҳавии омӯзгорон гардад.

Муҳиммияти гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос аз ҷониби омӯзгорони зинаҳои гуногуни муассисаҳои таълимиро Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид намуда, зимни мулоқоти хеш бо олимон-омӯзгоронва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки бахшида ба Рӯзи дониш санаи 01 сентябри соли 2010 баргузор гардида буд, таъкид намуда буданд, ки “Вазифаи муҳимми дигари Вазорати маориф ҳамоно такмили ихтисоси омӯзгорони мактабҳои олӣ мебошад. Мусаллам аст, ки дар шароити рушди бесобиқаи илму дониш тарзу шакли таълим такмил меёбанд. Ин бошад таъсиси Донишкадаи такмили тахассуси омӯзгорони мактабҳои олиро тақозо менамояд”. Ҳамин тариқ, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсис додани Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои олии касбӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дастур дода шуд. Ҳамин тавр, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 таҳти №124 “Дар бораи таъсиси Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” ба тавсиб расид.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани ниҳоди мазкур дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ин бозгӯйи боварӣ ва эътирофу эътимодии Пешвои муаззами миллат ба нерӯи кадрӣ, базаи таълимию техникӣ, шумораи зиёди устодони соҳибунвону соҳибмактаб ва эътирофшуда, ҳамчунин мавқеъ ва ҷойгоҳи ин боргоҳи илму маърифат дар низоми таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону минтақа ба ҳисоб меравад.

Фаъолияти Донишкада асосан ба ташкил ва баргузории курсҳои такмили ихтисоси тахассусӣ ва ғайритахассусӣ барои омӯзорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикисто равона гардидааст. Ҳамзамон, таи солҳои охир бо истифода аз зарфиятҳои илмӣ, таҳсилотӣ ва пояҳои лаборатории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва мусоидати ректори донишгоҳ, профессор Қ.Хушвахтзода ба хотири боло бурдани сатҳи дониш, малакаҳои касбӣ ва бархӯрдор шудан аз навгониҳои илмиву амалӣ курсҳои нави такмили ихтисос барои кормандони соҳаи бонкдорӣ, мақомоти қудратӣ ва бахшҳои кадрӣ ташкил ва баргузор карда шуда истодааст.

Қобили қайд аст, ки масъалаи боло бурдани сатҳи дониш ва беҳсозии фаъолияти омӯзгори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ на танҳо доштани донишҳои амиқро марбут ба фанни мушаххаси тадрисмешуда, ки шарти муҳим мебошад, тақозо менамояд, балки замоне расидааст, ки дар самти баланд бардоштани салоҳиятнокии касбии омӯзгор, ки дар баробари дониш, ҳамчунин фарогири маҳорат ва малакаи касбӣ низ мебошад, чораҳои мушаххас андешида шавад.

Ташкил ва баргузор намудани курсҳои такмили ихтисос ва гузаштани омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ на танҳо ба хотири тадриси донишу омӯзонидани малака ва маҳоратӣ касбии тахассусӣ ва соҳавӣ нигаронида шавад, балки ҷавҳари онро бояд чунин консепсияе ташкил диҳад, ки маҳорати омӯзгорӣ ин “сифати ирсӣ ва модарзодӣ набуда, балки имконияти такмил додани ин маҳорат, яъне дониш ва малакаҳои азхудкардашуда, ҷой дорад”.

Маҳз гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос имконят медиҳад, ки дониш, маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорро бо ҳам васл намуда, ба раванди ворид шудан ба низоми нави таълим ва ҷавобгӯй шудани ӯ ба талаботҳои замонавии таҳсилот, боло бурдани салоҳиятнокии касбӣ ва ҳамзамон ба рушди шахсияти омӯзгор мусоидат карда шавад.

Такмили ихтисос боис мегардад қобилияти инфиродии омӯзгор ошкор карда шуда, он муттасил сайқал дода шуда, барои боло бурдани сатҳу сифати таълим ва тарбия истифодаи дуруст ва натиҷабахши он роҳандозӣ карда шавад. Чунин ҳолат ба боро бурдани сифати таълим, омода намудани мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат, рушди соҳаи маориф ва дар умум пешрафти Тоҷикистони азиз гардад.

Ҷиҳати дарки масъулият ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири пешрафти Ватани маҳбубамон бояд чунин таъкиди Пешвои муаззами миллатро бобати иҷро қарор диҳем: “Шароити кунунии пешрафти илму техника талаб мекунад, ки омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ҳар се сол як маротиба аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шаванд”.

Мирзамонзода Хайрулло Мирзамон,

директори Донишкадаи такмили ихтисоси

омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор