Дар асоси сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзиш ва такмили сатҳи забономӯзии омӯзгорон дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикстон дар ҳамкорӣ бо сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дафтари Швейтсария дар Тоҷикистон Форуми такмили ихтисос барои омӯзгорони забони олмонӣ – 2022 роҳандозӣ гардид, ки имрӯз (22.09.2022) чорабинии мазкур дар толори ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфта, таъкид шуд, ки баргузории чунин форумҳо ва ташкили ҳамоишҳои илмию таълимӣ барои сайқал додани донишу маҳорати омӯзгорони риштаи забонҳои хориҷӣ, хусусан рушди забони олмонӣ, хеле муҳим аст.
Дар чорабинӣ намояндаи сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон ҷаноби Лан Ге, роҳбари Идораи ҳамкорӣ бо Швейтсария Саломе Штайб, роҳбари бахши забони Институти ба номи Гёте дар шаҳри Тошкант Дилдора Муҳаммадаминова, мушовири касбии Маркази системаи тадрис дар хориҷа (ZFA) Глезеке, роҳбари Маркази иттилоотии DAAD дар Душанбе, доктор Улрике Миттер ва омӯзгор, тренинги чорабинӣ Мунавара Ахмедова иштирок варзиданд.
Таъкид гардид, ки чорабинии мазкур дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон гузаронида шуда, мақсад аз гузаронидани чунин чорабинӣ такмил додани омӯзиши забони олмонӣ, рушди забоншиносӣ ва такмили сатҳи забондонии ҷавонон, ҳамзамон, арҷ ва эҳтиром гузоштан ба забон, фарҳанг ва анъанаҳои ин кишвари ба мо дӯст мебошад ва роҳандозии чунин форумҳо ҷиҳати таҳким бахшидани робитаҳои байналмилалӣ ва таҳкими худшиносиву ватандӯстии ҷавонон, инчунин, тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар мусоидат мекунад.
Зимнан таъкид шуд, ки чорабинӣ давоми ду рӯз идома ёфта, масъалаҳои муҳимми забономӯзӣ мавриди таҳлил қарор мегиранд ва натиҷагириҳо дар амалия истифода мешаванд.
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён саҳнаи театрикунонидаи худро намоиш дода, шеърҳоро аз осори бузургони Олмон бо як маҳорати баланд қироат намуданд.