Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05.2017, №262 дар бораи «Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон ҳамасола Донишгоҳи миллӣ Комиссияи тақсимоти мутахассисони ҷавонро таъсис дода, дар ин самт вохӯриҳо бо намояндагони касбу кори гуногун доир менамояд.
Бо ин мақсад имрӯз (20.04.2022) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисони ҷавон тибқи «Низомномаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» дар донишгоҳ тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии шуъбаи рӯзонаи факултетҳои механикаю математика, физика, химия, биология, геология дар ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгорӣ гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ намояндагони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «Экспедитсияи геофизикӣ», «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии металлургия»-и ҶСК, ҶДММ ТАКМ «Анзоб», Агентии Тоҷикстандарт, Экспидитсияи иктишофии геологии ҷануби Тоҷикистон, ҶСК «Экспидитсияи геофизикӣ», КВД «Экспидитсияи ҷустуҷӯии аксбардорӣ», КВД Ангишти Тоҷик, ҶСК «Экспидитсияи иктишофи геологии ҷанубӣ», ҶДММ «Пакруд», ҶДММ «Ширкати куҳии саноатии Тоҷикистону Хитой», Корхонаи маъдантозакунии ҶСП “ТАЛКО Голд” ва дигар ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин самт шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ муаззаф гардида, ҷиҳати хуб ба роҳ мондани фаъолияти хатмкунандагон тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намудааст. Чунин вохӯриҳо бо хатмкунандагони дигар факултетҳо ба роҳ монда шудааст.