Таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ба самти илм зиёд аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти илм баъзе камбудиҳо дида мешавад. Аз ин рӯ, талабот ба самти корҳои илмӣ аз пештара бештар гардида, тадбирҳои нав рӯйи даст гирифта мешаванд. Ҳайати устодони кормандон бояд ҳамеша талош намоянд, ки беҳтарин усули омӯзиш ва корбарии самти илмро дар донишгоҳ роҳандозӣ намуда, навгониҳои тозаеро ба нафъи илми кишвар эҷод созанд.
Ин нукта зимни вохӯрии ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати кормандони бахши илми донишгоҳ гуфта шуд. Таъкид менамоем, ки баъд аз силсилавохӯриҳои ректори донишгоҳ бо коллективи устодону кормандони факултетҳо суҳбатҳо бо кормандони бахшҳои донишгоҳ гузаронида мешавад.
Дар вохӯрӣ Ректори донишгоҳ оид ба фаъолияти сохторҳои марбутаи бахши илм суханронӣ карда, ҳалли як қатор масъалаҳоро муҳимтарин вазифаи кормандони бахш тафсир намуд. Назорати баргузории ҳамоиши сатҳи донишгоҳию байналмилалӣ, пурзур намудани дастаи олимпӣ ва озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, назорати фаъолияти бахши илми факултетҳо дар самти баргузории маҳфилҳо, навиштани мақолаҳои илмӣ аз ҷумлаи масъалаҳои баррасигашта буданд.