ТАМОШОИ ДАСТАҶАЪМОНАИ МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО НАМОЯНДАГОНИ ФАЪОЛИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ МАМЛАКАТ

217

Тавре иттилоъ дорем, вобаста ба дархости зиёди сокинони мамлакат шоми имрӯз (14.03.2024) соати 18:30 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки 9 марти соли равон дар “Кохи Ваҳдат» баргузор гардида буд, аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, такроран пахш шуд.

Дар тамоми хобгоҳҳо устодону командон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки истиқомат мекунанд, дастаҷамъона тариқи шабакаҳои телевизионӣ мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дини мамлакатро тамошо намуданд.

Дида шуд, ки дар мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ намуда, аз аҳли ҷомеаи мамлакат риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.

Сарвари давлат ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба сафарҳои бисёркаратаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки танҳо як дафъа анҷом додани ҳаҷ бар муъминон фарз аст ва Паёмбари ислом (с) низ танҳо як бор ҳаҷ намудаанд.

Пешвои миллат дар баробари ниҳодҳои дахлдор, инчунин, ба намояндагони ҷомеаи мамлакат оид ба таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватандӯстӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, иншооти мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» супоришҳои мушаххас доданд.

Ёдрас мешавем, ки мулоқоти мазкур фардо низ дар ҳамин вақту соат (15.03.2024, соати 18:30) тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ такроран пахш мешавад.