ТАМОШОИ ОСОРХОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН

236

Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор мегардад. Озмуни мазкур бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо судманд мебошад.

Имсол дар озмуни мазкур як қатор довталабон аз манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ иштирок доранд, ки даврҳои гуногуни он дар пояи модию техникии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузашта истодааст.

Имрӯз (22.10.2024) иштирокчиёни озмуни аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон амал мекунад, дидан намуданд.