ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ

318

Имрўз (26.01.2021) дар Кохи Сомони пойтахт Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид. Тамоми сохторҳои корхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи мамлакат пахши мустақими Паёмро тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо намуданд. Ҳайати бисёрҳазорнафараи ДМТ дар толори калони бинои асосии донишгоҳ ва маҷлисгоҳҳои факултетҳо ҷамъ омада, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карданд.