Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги илмию таълимӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар баланд бардоштани маърифату худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хосса дорад. Ин андеша имрӯз (27.07.2021) аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ зимни супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони донишгоҳ гуфта шуд.
Ба ин муносибат дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳои аъло баргузор гардид. Дар чорабинӣ ба 232 нафар хатмкунандаи донишгоҳ, ки давраҳои таҳсилро бо баҳои аъло ва интизоми намунавӣ ба анҷом расонидаанд, дипломи аъло дода шуд.
Дар оғози чорабинӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. хатмкунандагонро самимона табрик намуда, ҷиҳати хуб ба роҳ мондани фаъолияти илмию эҷодии минбаъдаашон комёбиҳо таманно намуд.
Сипас чун анъана хатмкунандагони факултетҳои тиббию фарматсевтӣ савганд ёд намуда, хизмат ба халқу ватанро шиори зиндагии худ номиданд.
Дар идомаи чорабинӣ декани факултети химия Файзуллозода Э.Ф. бо намояндагӣ аз садорати факултетҳо хатмкунандагонро табрик намуд ва хатмкунандаи факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Фарзона В.(намояндагӣ аз хатмкунандагон) ба роҳбарият ва коллективи устодону кормандони донишгоҳ изҳори миннатдорӣ намуд.
Баъдан ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва деканҳои факултетҳои марбутаи донишгоҳ ба хатмкунандагон дипломҳои аъло супориданд.
Ёдовар мешавем, ки дар тантанаи супоридани дипломҳои аъло роҳбарияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва волидайну наздикони чанде аз хатмкунандагон иштирок доштанд.