ТАРБИЯИ ҲАРБӢ-ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН

427

Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад. Ҳифзи Ватан, ҳимояи марзу бум ва пуштибонӣ аз манфиатҳои миллӣ қарзи конститутсионии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин нукта зимни вохӯрии навбатии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. бо хатмкунандагони факултетҳои механикаю математика, геология, физика ва биология баргузор гардид.

Ректори Донишгоҳ зимни суханронии худ афзуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои рушду такомул ва дастгирии ҷавонон дар Тоҷикистон заминаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро фароҳам овард ва онҳо бо дастовардҳои худ дар арсаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ба ғамхориву дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзанда будани худро ба тадриҷ собит месозанд.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бузурги таълимӣ дар тули фаъолияти худ ҳазорҳо ҷавонони бонангу номуси миллатро ба воя расонида, барои пешрафти иқтисодиёти миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ сафарбар намудааст.

Имрӯз ҷавонони далеру шуҷои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки барои Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, бо маҳорати баланди касбии сарбозии худ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат, марзу буми кишварамон бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан, иҷрои вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии худро ва мақсаду мароми ягонаи худ мешуморанд.

Омодагии ҷавонон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба сатҳу сифати тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ҳамбастагӣ дорад. Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон аз муҳимтарин ҷанбаи тарбияи ҷавонон ба ҳисоб рафта, мақсад аз он дар дили насли ҷавони имрӯза эҳсоси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, садоқат ба Ватан, муҳаббат ба сарзамини аҷдодии худ, ҷасорат, шуҷоату далерӣ ва дарки шарафу нангу номусро бедор намудан аст.

Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз ҷавонон дар ҳамин ҷо шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро аз худ мекунанд.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар даврони соҳибистиклолии мамлакат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он ҳазорон ҷавонони обутобёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ дошта сарбаландона адои хизмат намуда, бо неруи худ дар таҳкими сулҳу суботи кишварамон ҳиссаи арзанда мегузоранд.