Баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқию сиёсии ҷавонон, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни онҳо, ҳамбастагии ҷавонон, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, инчунин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, тарбия намудани онҳо дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки зимни вохӯрии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ баррасӣ гардиданд.
Дар мулоқот ҳамзамон, самтҳои мухталифи фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта масъулин дастурҳои мушаххас гирифтанд.
Ректори донишгоҳ бо тафсил дар самтҳои таълим, илм, равобити байналмилалӣ ва тарбия суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар самти ҷалби олимону муҳаққиқон дар семинару конфронсҳо, баргузории машвартҳои илмию таълимӣ, омода намудани донишҷӯён ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ тадбирҳои бештар андешид.
Дар зимн гуфта шуд, ки масъулини факултет дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон аз пештара бояд бештар чораҳо андешида, дар ҳамкорӣ бо мудирони кафедраҳо ва сохторҳои зертобеъи факултет корҳои тарғиботию ташвиқотиро хубтар ба роҳ монанд.
Ёдрас мешавем, ки вохӯрии мазкур дар доираи нақшаи баргузории силсисавохӯриҳои роҳбарияти донишгоҳ бо сохторҳои мухталифи он доир гардид.