Имрӯз (13.12.2023) дар толори ТСО- и шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва дарсҳои ватандӯстӣ дар партави Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дарси сулҳи Пешвои миллат, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” барои соли таҳсили 2023-2024 ҳамзамон, шарҳи Конвенсияи СММ оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон ва Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак бо ҷалби омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои гуногуни донишгоҳ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсии мазкур устоди донишгоҳ Т.Ғуломов ва Амирхонов Ш. иштирок ва суханрони намуданд. Тадбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” барои соли таҳсили 2023-2024 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тарбияи миллӣ ва ҳисси ватадӯстӣ аз ҷумлаи масъалаҳои баррасигаштаи нишаст буданд.